Эмомалӣ Раҳмон «духтар-радар» ва «духтар-калкулятор»-ро ифтихори тоҷикон номид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ баъди навсозӣ дар Душанбе, ба истеъдоди духтарони тоҷик – ғолибони олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба математикаи зеҳнӣ Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева баҳои баланд дод. Ғалабаи Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаеваро Савари давлат «ифтихори мардуми тоҷик» номид. Ӯ аз мактаббачон […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ баъди навсозӣ дар Душанбе, ба истеъдоди духтарони тоҷик – ғолибони олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба математикаи зеҳнӣ Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева баҳои баланд дод.

Ғалабаи Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаеваро Савари давлат «ифтихори мардуми тоҷик» номид. Ӯ аз мактаббачон даъват кард, ки аз онҳо ибрат гирифта, бештар донишу маъруифат андӯзанд.

Манижа Тошболтаева вва Ёсуман Исмонзода рӯзҳои 22 ва 29 октбяр дар барномаи "Удивительные люди”-и шабакаи телевизиони Русия бо истеъдоди худ тамошобинонро дар ҳайрат гузоштанд.

Барои қобилияти фавқулода дар ҳисобу китоби математикӣ якеро «духтар-калкулятор»-у дигариро «духтар-радар» номиданд: Ёсуман дар 2 дақиқа мисол бо 100 рақамро ҳал намуда, Манижа бо чашм суръати ҳаракати автомашинаро муайян кард.

Ҳарду ҳам дар олимпиадаи “GeniusKid-2017”, ки рӯзҳои истироҳати гузашта дар Маскав доир гардид, ғолибият ба даст оварданд. Дар ин олимпиада аз 11 кишвари саросари дунё 250 нафар ҳамсолони онҳо иштирок доштанд.

Ба ҷуз ҷоизаву туҳфаҳо, Ёсуман Исмонзода барои иштирок дар марҳилаи минбаъдаи озмуни «Арифметикаи зеҳнӣ», ки моҳи декабри соли равон дар Африқои Ҷанубӣ баргузор мешавад, ҳуқуқ пайдо кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.