Размоиши бузургмиқёси нерӯҳои зудамали СААД дар Тоҷикистон

Тамринҳои низомии зиддитерористии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) давоми рӯзҳои 10-20 ноябр дар Тоҷикистон баргузор мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар тамринҳои яквақта дар панҷ машқгоҳи вилояти Хатлон, ки дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгиранд, воҳидҳо ва қисмҳои низомии ҳамаи кишварҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тамринҳои низомии зиддитерористии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) давоми рӯзҳои 10-20 ноябр дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар тамринҳои яквақта дар панҷ машқгоҳи вилояти Хатлон, ки дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгиранд, воҳидҳо ва қисмҳои низомии ҳамаи кишварҳои узви СААД- Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Дар машқгоҳи «Ҳарбмайдон» марҳилаи хотимавии тамринҳои низомӣ доир мегардад, ки  ки ба он авиатсия ва артиллерия сафарбар ва ҳудуди 5 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, аз Қазоқистон дар размоиш воҳиди авиатсияи қиркунандаи Су-27 ва якчанд гурӯҳҳои иктишофӣ, аз Русия низ миқдори зиёди техникаву ҳайати шахсӣ иштирок карда, воҳиди бузургтарини ҳарбии ин тамринҳо аз Тоҷикистон ташаккул меёбад.

Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД соли 2009 таъсис ёфта, ба ҳайати он воҳидҳо ва қисмҳои ҳарбии беҳтарини зудамали артишҳои кишварҳои узви САДД дохил мешаванд. Ин нерӯҳо бо аслиҳаву техникаи ҳарбии муосир таъмин буда, ба ҷуз воҳидҳои сирф низомӣ, ҳамчунин аз нерӯҳои таъиноти махсуси воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ (пулис), мақомоти амният ва хадамоти махсус, хадамоти ваколатдори соҳаи огаҳӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ низ иборатанд. Шумори умумии ҳайати шахсии нерӯҳо беш аз 17 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи октябр воҳидҳои бригадаи тирандозии «сабук»-и Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия, ки аз Поволже ба Тоҷикистон партофта шуданд, бори нахуст дар мавзеи кӯҳу саҳро тамринҳои низомӣ баргузор карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.