Анҷоми қабули дархостҳо барои иштирок дар озмуни «Бренди сол»

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон қабули дархостҳо ба озмуни навбатии маъруфи «Бренди сол»-ро ба итмом расонид. Қаблан санаи анҷоми қабули дархостҳо рӯзи 6 ноябр эълон шуда буд, вале бо назардоши рӯзҳои истироҳат ва ид, тасмим гирифта шуд, ки он то 8 ноябр тамдид карда шавад. Бино ба маълумоти Кумитаи тадорукоти озмун, то имрӯз барои […]

Asia-Plus

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон қабули дархостҳо ба озмуни навбатии маъруфи «Бренди сол»-ро ба итмом расонид.

Қаблан санаи анҷоми қабули дархостҳо рӯзи 6 ноябр эълон шуда буд, вале бо назардоши рӯзҳои истироҳат ва ид, тасмим гирифта шуд, ки он то 8 ноябр тамдид карда шавад.

Бино ба маълумоти Кумитаи тадорукоти озмун, то имрӯз барои иштирок дар номинатсияҳои гуногуни ин озмун аз 68 ширкат ва тамғаҳои молии шинохта ва алҳол начандон маъруф 68 дархост қабул шудааст.

Миёни довталабон ширкатҳову тамғаҳои молии маъруфе чун «Мегафон Тоҷикистон», «Tcell», «Спитамен Бонк», «Бонки Эсхата», «Imon International», «Coca-cola», «ТАЛКО», ДФ «Истиқлол», «Obi Zulol», «55 Формула успеха», «I am different», МС «Ёвар», «Пайкар», «Хонаи ман», «Моҳир Семент», «Амирӣ», «Комбинати шири Душанбе», Хонаи заргарии «Ақиқа», «Рахш Такси», «Tojikon Holiday» ва ғайра ҳузур доранд.

Натиҷаҳои озмуни «Бренди сол» бо иштироки соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои ватаниву хориҷӣ моҳи декабр ҷамъбаст мешаванд.

Бо рӯйхати пурраи иштирокчиёни озмун дар суроғаи зерин шинос шуда метавонед: http://tajpatent.tj/index.php/ru/novosti/38-uchastniki-konkursa-brend-goda-2017

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ