Рӯзи Президент имсол «хоксорона» ҷашн гирифта мешавад

Date:

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳбари он аст, ки ба муносибати ҷашни Рӯзи Президент имсол дар тамоми минтақаҳои кишвар чорабиниҳои «хоксорона» баргузор мекунад. Шурӯъ аз соли гузашта ин рӯзи ид санаи 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад.

Котиби матбуотии ҲХДТ Усмон Солеҳ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо семинару мизхои гирд доир намуда, «дар онҳо хизматҳои Пешвои миллат назди мардуми Тоҷикистонзикр мегарданд».

Дар ҳамин ҳол, бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ санаи 16 ноябр дар пойтахт таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор мешавад.

Интихоби санаи 16 ноябр барои ин ҷашн тасодуфӣ нест: маҳз ҳамин рӯзи соли 1994 нахустин маросими савгандёдкунии президенти нави Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар ҷашни Рӯзи президент дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳат, театрҳои шаҳру навоҳӣ ва дар толори сирки давлатӣ намоишномаҳои бепул ташкил карда шуда, дар Китобхонаи миллӣ ва тамоми китобхонаву осорхонаҳои ҷумҳурӣ маросими намоишҳои китобҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин намоиши рассомону аксбардорони кишвар бахшида ба Пешвои миллат баргузор гардид.

Дар тамоми мактабҳои олӣ ва таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ низ маросимҳои намоиши китобҳои Эмомалӣ Раҳмон, машғулиятҳо доир ба муҳтавои онҳо ва дар муассисаҳои томактабӣ дар мавзӯи «Президент аз нигоҳи кӯдакон» озмуни расмҳо гузаронида шуда, дар қисмҳои низомии кишвар таҳти унвони «Садоқат ба президент – садоқат ба Ватан» вохӯриҳои сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ бо шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ баргузор шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...