Манбаъ: Муллои тоҷики дар Петербург гумшуда дар Хуҷанд нест

Саид Қиёмиддини Ғозӣ, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ дар майдони Шаҳидон бо номи «генерали мардумӣ» маъруф буд, дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд нест. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар ин робита хабар дод, «ӯ ба фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд наомадааст». «Агар чунин мебуд, ҳама аз он хабардор мешуданд, – иброз […]

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Саид Қиёмиддини Ғозӣ, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ дар майдони Шаҳидон бо номи «генерали мардумӣ» маъруф буд, дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд нест.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар ин робита хабар дод, «ӯ ба фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд наомадааст».

«Агар чунин мебуд, ҳама аз он хабардор мешуданд, – иброз дошт манбаъ. – Ғайр аз ин, ӯро хадамоти махсус дарҳол боздошт ва ба Душанбе мефиристоданд».

Тавре ба «Азия-Плюс» аз сарчашмаҳои айрирасмӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум шуд, Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар Душанбе ҳам набудааст.

Рӯзи 22 ноябр Радиои Озодӣ дар ин робита иттилоъ дод, ки «генерали мардумӣ» Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар шаҳри Санкт-Петербург бедарак шуда, аллакай дар Тоҷикистон қарор дорад.

«Бори охир шаби 20 ба 21-уми ноябр тахминан соатҳои 12-и шаб ба вақти Санкт-Петербург аз фурудгоҳ ба писараш Баракатуллоҳ, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, занг зада, гуфтааст, “маро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд», – гуфтааст Раҷабгул Мусулмонова, ҳамсари Саидқиёмиддини Ғозӣ.

Онҳо фаҳмидаанд, ки ӯро ба Хуҷанд мебаранд ва вақте ба умеди пешвози ӯ ба фурудгоҳ рафтаанд, ҳамаи мусофирон берун шуда, вале Саидқиёмиддин Ғозиро надидаанд. Тибқи иттилое, ки фарзандон дар фурудгоҳи Хуҷанд дарёфтаанд, вазъи саломати Қиёмиддин Ғозиев дар ҳавопаймо бад шуда, ӯро аз фурудгоҳ тавассути мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба назди пизишк бурдаанд.

Радиои Озодӣ бо истинод ба як пойгоҳи мухолифини тоҷик дар хориҷ – вебсайти “Паём” менависад, Қиёмиддин Ғозиев замоне ки тариқи Истанбул аз Эрон ба Русия бармегашт, аз ҷониби неруҳои амниятии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуда, ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Ҳамсараш изҳор намудааст, ки шавҳараш дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳ бо фарзандон қаҳвахона дошт ва онҷо кор мекард. Аз эҳтимоли боздошт шудани ҳамсараш дар ҳайрат ва ташвиш аст, мегӯяд, ҳеҷ аломати онро надорад, ки ҳамсараш ҷустуҷӯ мешуд. “Кадом гуноҳе накарда буд ва мавриди шубҳа қарор надошт. Боре ҳам ба хонаи мо ҳеч намояндаи мақомот сар назадааст”, – гуфтааст ӯ.

Қиёмиддин Ғозиев ё Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ аз руҳониёни шинохтаи солҳои 90-ум ва яке аз иштирокдорони фаъоли майдони “Шаҳидон” дар Душанбе буд. Дар қатори чанд иштирокдори майдони “Шаҳидон” ба ӯ унвони “генерали мардумӣ”-ро дода буданд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Афғонистон гуреза шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард. Бо имзои Созишномаи сулҳ Қиёмиддин Ғозиев ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени “Шараф” қадрдонӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.