Минбаъд милитсия иҷрои ҳукмҳои судро назорат мекунад

Мақомоти милитсия саривақт иҷро шудани қарорҳо оид ба масъалаҳои хоҷагидориву иқтисодиро назорат хоҳад кард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи милитсияи ҶТ»-ро таҳия ва ба баррасии парлумон фиристодааст, ки мутобиқи он, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар мавриди назорати иҷрои ҳукмҳои […]

Мақомоти милитсия саривақт иҷро шудани қарорҳо оид ба масъалаҳои хоҷагидориву иқтисодиро назорат хоҳад кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи милитсияи ҶТ»-ро таҳия ва ба баррасии парлумон фиристодааст, ки мутобиқи он, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар мавриди назорати иҷрои ҳукмҳои суд ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ахиран «иҷрои ҳукмҳои суд дар кишвар, ки ба масъалаҳои амволу замин, пардохти ҷаримаҳо ва дигар масъалаҳои хоҷагидориву иқтисодӣ дахл доранд, ба мушкилот табдил ёфтааст».

«Қарорҳо қабул мешаванд, вале масъалаи иҷро шудан ё нашудани онҳо гапи дигар аст, – таъкид дошт ӯ. – Аксар вақт қарорҳо содир шуда, лекин иҷрои онҳо солҳои тӯлонӣ давом меёбад ё он тамоман ба иҷро намерасад».

Зимнан зикр гардид, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ба ҳаллу фасли ин масъалаҳо танҳо судиҷрочиён машғул буданд.

«Агар парлумон лоиҳаи зикршударо қабул намояд, кормандони милитсия ҳамроҳ бо намояндагони судҳо оид ба масъалаҳои хоҷагидорӣ ва иқтисодӣ, ки мақомоти дахлдори судӣ аз рӯи он ҳалнома содир намудаанд, қарор қабул намуда, ҷараёни иҷрои онро назорат мекунанд», – илова кард сарчашмаи хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.