Баррасии меъёрҳои нигаҳдории шахсон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон

Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо – "Амал барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон", дар Маркази тиҷоратии «Вефа» тренинги Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (минбаъд – Эътилоф) "Стандартҳои байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ дар самти солимии равонӣ бо ишора ба муассисаҳои пӯшида" ҷараён дорад, ки то 29-уми ноябр идома меёбад. Дар иттилоияи Эътилоф дар […]

Иттилоияи расмӣ

Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо – "Амал барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон", дар Маркази тиҷоратии «Вефа» тренинги Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (минбаъд – Эътилоф) "Стандартҳои байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ дар самти солимии равонӣ бо ишора ба муассисаҳои пӯшида" ҷараён дорад, ки то 29-уми ноябр идома меёбад.

Дар иттилоияи Эътилоф дар ин робита қайд мешавад, ки ҳадафи тренинг – баланд бардоштани касбияти аъзоёни Гурӯҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳуқуқҳои шахсоне, ки дар муассисаҳои рӯҳӣ қарор доранд.

Иштирокчиёни тренинг – 15 нафар аъзоёни Гурӯҳ оид ба мониторинг буда, ба ҳайси тренерҳо коршиносони байналмилалӣ аз Фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон дар Варшава Ленур Керимов ва Агнешка Клосовска иштирок хоҳанд дошт.

Гуфта мешавад, гурӯҳ оид ба мониторинг бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2013 таъсис ёфта, дар асоси Низомнома фаъолият мекунад. Ба ҳайати Гурӯҳ оид ба мониторинг намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ – аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва ТҶ «Авеста» дохил мешаванд.

Зикр мегардад, ки гурӯҳ оид ба мониторинг боздиди ҷойҳои маҳрумият аз озодиро аз моҳи феврали соли 2014 оғоз намуд. Аз моҳи феврали соли 2014 то моҳи ноябри соли 2017 гурӯҳ зиёда аз 40 муассисаи пӯшида ва нимапӯшида – тавқифгоҳи муваққатӣ, СИЗО, муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷтимоӣ, муассисаҳои нигоҳдории кӯдакони дар мухолифат бо қонун қарордошта, муассисаҳои рӯҳӣ ва наркологиро боздид кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.