Имкони робитаҳои наздиктари Тоҷикистон бо ИИАО бо ҳадафи кумаки молиявӣ

Таҳлилгарони Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) бар ин назаранд, ки вазъи душвори молиявӣ метавонад Тоҷикистонро ба робитаҳои бештар наздиктар бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) водор созад, то ки дастгирии молиявӣ дархост намояд. «Тоҷикистон ба омӯзиши масъалаи узвият дар ИИАО тақвият бахшида, моҳи июли соли 2017 роҳбари Хадамоти гумруки ин кишвар Абдуфаттоҳи Ғоиб изҳор намуд, ки […]

Asia-Plus

Таҳлилгарони Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) бар ин назаранд, ки вазъи душвори молиявӣ метавонад Тоҷикистонро ба робитаҳои бештар наздиктар бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) водор созад, то ки дастгирии молиявӣ дархост намояд.

«Тоҷикистон ба омӯзиши масъалаи узвият дар ИИАО тақвият бахшида, моҳи июли соли 2017 роҳбари Хадамоти гумруки ин кишвар Абдуфаттоҳи Ғоиб изҳор намуд, ки комиссияи коршиносон имкони узвиятиТоҷикистон ба ин Иттиҳодро ба итмом расонидааст, вале натоиҷи он нашр нашуданд, – қайд мешавад дар гузориши БАТР.

Дар гузориши БАТР оид ба Тоҷикистон гуфта мешавад, Абдуфаттоҳи Ғоиб қайд кардааст, ки гурӯҳи кории иборат аз кормнадони ниҳоди ӯ низ «масъалаи узвият ба ИИАО»-ро ҳамаҷониба омӯхта, ба хулосаи мусбат расидааст ва назари худро доир ба ин масъала ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудааст.

Дар шарҳи ин маълумот манбаи нашрияи «Независимая газета» дар дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон иброз доштааст, ки «на имсолу на соли оянда Тоҷикистон ба гумони ғолиб ба ИИАО намепайвандад».

«Таҷрибаи Қирғизистону Арманистон гувоҳи он аст, ки дар сурати ҳамгиройӣ кишвари мо қисмате аз истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодиашро аз даст медиҳад, ки ин ҳолат дар муносибатҳо бо Вашингтону Пекин метанвонад мушкилӣ эҷод кунад», – гуфтааст манбаи нашрия, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ варзидааст.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қаблан зимни суханронӣ дар Донишгоҳи ADA дар Боку изҳор дошт, ки «масъалаи имкони узвияти Тоҷикистон ба ИИАО дар ҳоли баррасӣ қарор дорад».

Феълан Арманистону Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистону Русия узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.