Оғози корҳои васлу насби тракторҳои беларусии «МТЗ» дар Ҳисор

Дар шаҳри Ҳисор маросими ифтитоҳи марказ оид роҳандозии корҳои васлу насби истеҳсоли тракторҳои ширкати «Минский тракторный завод»-и Беларус оғоз гардид. Бино ба маълумоти сафорати Беларус дар Тоҷикистон, дар марҳилаи аввал анҷоми корҳои васлу насби 50 адад техникаи тамғаи «Беларус-80.1» ва «Беларус-82.1» дар назар буда, минбаъд то ба 300 адад дар як сол расонидани истеҳсоли ин […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Ҳисор маросими ифтитоҳи марказ оид роҳандозии корҳои васлу насби истеҳсоли тракторҳои ширкати «Минский тракторный завод»-и Беларус оғоз гардид.

Бино ба маълумоти сафорати Беларус дар Тоҷикистон, дар марҳилаи аввал анҷоми корҳои васлу насби 50 адад техникаи тамғаи «Беларус-80.1» ва «Беларус-82.1» дар назар буда, минбаъд то ба 300 адад дар як сол расонидани истеҳсоли ин навъи техника ба нақша гирифта шудааст.

«Хусусияти фарқкунандаи корҳои васлу насби марказ дар Ҳисор дар он ифода меёбад, ки истеҳсолот «аз сифр» шурӯъ шуда, он ба Қарори ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи иншооти махсусан муҳим» дохил мешавад», – қайд мешавад дар маълумот.

Зикр мегардад, ки давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ҷониби Беларус ба хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон беш аз 200 адад трактори истеҳсоли ҶСК «МТЗ» фиристодааст.

«Дар Ҳисор роҳандозии истеҳсоли техникаҳои кишоварзии ширкатҳои «Бобруйскагромаш» ва «Гомсельмаш, техникаи комммуналии «Минский автомобильный завод», техникаи оташнишонии «Пожснаб» ва техникаи махсуси «Амкодор» дар назар буда, мавриди истифода қарор додани коргоҳи бузурги васлу насб, ба истеҳсоли беш аз 10 номгӯи техника имкон хоҳад дод», – таъкид мешавад дар хабар.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар баробари роҳандозии истеҳсолот, корҳои ташкили маркази омӯзишӣ оид ба омодасозии мутахассисони ҳирфаӣ барои истифода ва хизматгузории техникаи кишварзии истеҳсоли Беларус низ ба нақша гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.