КДАМ: Фармондеҳи дидбонгоҳи сарҳадии «Дарвоз» аз мақомаш барканор шуд

Фармондеҳи дидбонгоҳи сарҳадии «Дарвоз»-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, ки охири моҳи август дар ин қисми низомӣ сарбози хизмати ҳатмии ҳарбӣ прапоршик ва се тобеъони ӯро гаравгон гирифта буд, муваққатан аз мақомаш барканор шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, тафтиши ҳодисаи рӯзи 25 август рухдода […]

Asia-Plus

Фармондеҳи дидбонгоҳи сарҳадии «Дарвоз»-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, ки охири моҳи август дар ин қисми низомӣ сарбози хизмати ҳатмии ҳарбӣ прапоршик ва се тобеъони ӯро гаравгон гирифта буд, муваққатан аз мақомаш барканор шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, тафтиши ҳодисаи рӯзи 25 август рухдода дар қаламрави дидбонгоҳи зикршуда идома дорад. Қаблан зикр гардида буд, ки дар прокуратураи ҳарбии гарнизони Хоруғ ба ин парванда "мӯҳри махфӣ" зада шудааст.

«Агар дар ҷараёни тафтиши судии ҳодисаи мазкур риоя нашудани меъёрҳои қонунгузорӣ аз ҷониби фармондеҳи дидбонгоҳ ва се тан аз тобеъони ӯ ошкор гардад, онҳо аз мақомашон барканор ва ба ҷавобгарӣ, то ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд», – иброз дошт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, Идибек Хонов, падари ин сарбоз рӯзи 27-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки пас аз кушта шудани писараш ба Бадахшон сафар кард ва мақомот барояш гуфтанд, ки парвандаро одилона таҳқиқ мекунанд.

«Бароям гуфтанд, нафароне, ки писаратро ба чунин ҳол овардааст, маълум шуданд. Дигар ҷони писари маро баргардонида намешавад, вале ба хотири пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо бояд ин кор то охир тафтиш шавад. Баъди ҳодисаи писари ман тамоми қисмҳои низомӣ тафтиш шуд», – изҳор доштааст падари сарбоз.

Ёдрас мекунем, ки сарбози қисми ҳарбии сарҳадбонӣ Сафарбек Хонов рӯзи 25-уми августи соли равон пас аз тақрибан се соати гаравгонгирии як “прапоршик”-и қисми низомӣ дар ҳудуди деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кушта ё ба истилоҳи тафтишот безарар гардонда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.