Мирзиёев ба таҷлили пуршукӯҳи ҷашни 80-солагии Каримов дастур дод

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон фармон "Дар бораи таҷлили 80-солагии президенти нахустини ҷумҳурӣ, сиёсатмадор ва корманди барҷастаи давлатӣ Ислом Абдулғаниевич Каримов"-ро имзо кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин ҳуҷҷат омадааст, ки фармон бо назардошти "хизматҳои таърихии президенти нахустини Ӯзбекистон дар касби истиқлолият, таъмини рушди устувори кишвар, инчунин бо ҳадафи гиромӣ доштани […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон фармон "Дар бораи таҷлили 80-солагии президенти нахустини ҷумҳурӣ, сиёсатмадор ва корманди барҷастаи давлатӣ Ислом Абдулғаниевич Каримов"-ро имзо кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин ҳуҷҷат омадааст, ки фармон бо назардошти "хизматҳои таърихии президенти нахустини Ӯзбекистон дар касби истиқлолият, таъмини рушди устувори кишвар, инчунин бо ҳадафи гиромӣ доштани ёди ӯ" имзо мешавад.

Миёни чорабиниҳои дар назар буда – кушодашавии зиёратгоҳи Каримов дар моҳи январи соли 2018 дар шаҳри Самарқанд ва пардапардорӣ аз пайкараи вай дар шаҳри Қаршӣ низ ҳастанд.

Инчунин сохтани филм дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Каримов, нашри китобҳои дар бораи вай ва он китобҳое, ки худи Каримов навиштааст, дар назар аст. Дар Самарқанд ҳамчунин конфронси байналхалқии илмӣ дар мавзуи "Ислом Каримов – асосгузори Ҷумҳурии мустақили Ӯзбекистон" дар назар аст.

Дар муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои низомӣ, эътилофҳои меҳнатӣ ва мақомоти маҳаллӣ бо ширкати шоирону олимон бахшида ба гиромидошти хотираи Каримов мулоқот баргузор мешавад.

Ислом Каримов 30 январи соли 1938 таваллуд ва сар аз соли 1991 то лаҳзаи марг президенти Ӯзбекистон буд. Расман вай 2 сентябри соли 2016 дар синни 79-солагӣ аз сактаи мағзӣ вафот кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.