Телефонҳои боварӣ дар «Барқи тоҷик». Метавонед шикоят кунед

Аз 1 декабри соли равон дар Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» телефонҳои боварӣ ба кор сар карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкат, навбатдорони телефонҳои боварӣ, ки ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд, ҳар занги телефонро ба қайд гирифта, ҳар ҳодисаи қатъ шудани барқро дар сар то сари кишвар оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти […]

Asia-Plus

Аз 1 декабри соли равон дар Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» телефонҳои боварӣ ба кор сар карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкат, навбатдорони телефонҳои боварӣ, ки ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд, ҳар занги телефонро ба қайд гирифта, ҳар ҳодисаи қатъ шудани барқро дар сар то сари кишвар оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи Ширкат ва Шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд ва бобати ислоҳи онҳо сари вақт чораҳои амалӣ андешида мешаванд.

Гуфта мешавад, фаъолияти навбатдорон ва тадбирҳои андешидаи масъулон дар ин бобат ҳар пагоҳӣ дар назди раиси Шикат баррасӣ мегардад.

Зимнан зикр мегардад, ки инчунин, ҳар як муштарии барқ метавонад тавассути ин телефонҳо бо ширкати «Барқи Тоҷик» дар тамос шавад ва дар бораи ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии барқ, ки амалан ғорати як қисмати ҳаққи рӯшноиву гармии тамоми ҷомеа аст, ба мо маълумот диҳанд.

Рақамҳои телефонҳои боварии ШСХК “Барқи Тоҷик”: 235-86-74;  235-86-84;  610-60-50.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз моҳи январи соли равон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) дар Тоҷикистон дигар амал намекунад.

Охирҳои моҳи октябр ширкати «Барқи тоҷик» бо як изҳорот ба аҳолии Тоҷикистон муроҷиат карда, дархост намуд, ки бобати истифодаи нерӯи барқ сарфаю сариштакор бошанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.