Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» нишасти хабарии пеш аз вохӯрии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он сармураббиёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Муҳсин Муҳаммадиев ва Рустам Хоҷаев иштирок мекунанд. Оғоз соати 11:00; – Дар боғи истироҳату фароғати ба номи Садриддин Айнии пойтахт намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти ҳунармандӣ баргузор […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» нишасти хабарии пеш аз вохӯрии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он сармураббиёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Муҳсин Муҳаммадиев ва Рустам Хоҷаев иштирок мекунанд. Оғоз соати 11:00;

– Дар боғи истироҳату фароғати ба номи Садриддин Айнии пойтахт намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти ҳунармандӣ баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8196 сомонӣ;

1 евро – 10.4459 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1490 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо Бемории пазируфтаи норасоиимасуният (БМПМ) (СПИД).

1926 – Нахустин Анҷумани умумитоҷикии коргару деҳқон ва вакилони аскар.

1957 – Корхонаи ҷуроббофӣ (феълан ҶС «Нафиса»)-и Душанбе ба истифода дода шуд.

1997 – Дар Хуҷанд маросими муаррифии корхонаи муштараки «Kabool Tajik Textiles»-и Тоҷикистону Корея оид ба истеҳсоли нахи пахта ва матоъи ҷинс баргузор шуд.

2006 — Дар Душанбе намояндагии яке аз бонкҳои бузурги Қазоқистон – «Казкоммертсбонк» боз гардид.

2011 — Дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи консессияҳо» дар таҳрири нав қабул шуд.

1940 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Усмон Расулов.

1941 – Мавлуди доктори улуми биологӣ Кимёҷон Нимадҷонова.

1946 – Зодрӯзи оҳангсоз Қудратулло Яҳёев.

1951 – Мавлуди журналист Шоҳтолиб Шоҳқосимов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона баъзан борон борида, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона 0+5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона +6+11; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борон борида, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона-3+2, рӯзона +3+8.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борон меборад.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзоан баъзан охири рӯз борон меборад.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +13+15.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +8+10.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.