Ифтитоҳи Маркази нави Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар Бӯстон

Date:

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд маросими ифтитоҳи Маркази нави хизматгузории бонкии ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» баргузор шуд, ки дар он раҳбарияти бонк, намояндагони ҳокимияти маҳаллии шаҳр, меҳмонон ва мизоҷони аввалин иштирок доштанд.

Ба гуфтаи роҳбари филиали ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» дар шаҳри Бӯстон Хуршед Умаров, комёбӣ дар тиҷорат ва таъмини фоидаи дарозмӯҳлат танҳо дар сурате имконпазир аст, ки фаъолияти ширкат ба самти иҷтимоӣ афзалият диҳад.

«Мутаносибан, яке аз бандҳои стратегияи рушди бонки мо беҳбуди некӯаҳволии мардум буда, танҳо дар ҳамин ҳолат бонк барои худ мавҷудияти дарозмуҳлат ва фоидаоварро кафолат дода метавонад. Ин бахусус ҳангоми хизматгузориҳои молӣ ба аҳолӣ муҳим мебошад. Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии молии мардум яке аз омилҳои муҳимтарини беҳбуди сифати ҳаёти аҳолӣ аст», – мутмаин аст Хуршед Умаров.

Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти бонк баҳри ба даст оврадани эътимоди мизоҷони худ ҳамаҷониба саъйу талош меварзад, то ки хизматгузориҳо барои ҳамаи қишри аҳолӣ дастрасу қулай бошанд». «Ният дорем, ки дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд марказҳо боз намуда, ҳарчи бештар ба мардум наздиктар бошем», – гуфт Хуршед Умаров.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар фарҷоми маросим ба нахустин мизоҷони Маркази хизматгузориҳои бонкӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва ба аввалин қарзгирандагон бо шартҳои имтиёзнок қарзҳо дода шуданд.

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида (ҶСП)-и «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» 29 феврали соли 2016 аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома дастрас кард. Бонк дар заминаи ҶДММ ТҚХ «Стандарт молия» таъсис дода шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бонк иштирокчии фаъоли бозори хизматгузориҳои бонкии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамаи амалиёти бонкиро анҷом медиҳад. Шабакаи филиалҳои Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз Дафтари кории асосӣ, чор филиал ва ҳафт маркази хизматгузориҳои бонкӣ дар саросари ҷумҳурӣ иборат аст.

Бо вуҷуди муҳлати начандон зиёди фаъолият, Бонки байналмилалии Тоҷикистон бо афзоиши пойгоҳи мизоҷон ва пешниҳоди хизматгузориҳои нав, хеле зуд рушду густариш ёфта, дар бонк мутахассисони ҷавону аллакай аз таҷрибаи кории хуб бархӯрдор  фаъолият мекунанд. То ба имрӯз Бонки байналмилалии Тоҷикистон беш аз 200 нафарро бо ҷойҳои корӣ таъмин кардааст.

Осонӣ, шаффофият ва эътимоднокӣ сармашқи фаъолияти Бонки байналмилалии Тоҷикистон аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...