Лату кӯби хонанда аз ҷониби омӯзгор. Вазорати маориф расидагӣ мекунад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоие нашр шуд, ки дар он аз ҷониби муаллима лату кӯб шудани хонанда дида мешавад. Гӯё барои партаро аз ҷояш беҷо кардан. Ин ҳодиса дар яке аз машғулиятҳо дар мактаби рақами 21-и шаҳри Душанбе ба вуқӯъ мепайвандад. Ин навори видео ду рӯз пеш дар гурӯҳи tajikistan-news нашр шуда, сипас дар шабакаи […]

Asia-Plus

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоие нашр шуд, ки дар он аз ҷониби муаллима лату кӯб шудани хонанда дида мешавад. Гӯё барои партаро аз ҷояш беҷо кардан. Ин ҳодиса дар яке аз машғулиятҳо дар мактаби рақами 21-и шаҳри Душанбе ба вуқӯъ мепайвандад.

Ин навори видео ду рӯз пеш дар гурӯҳи tajikistan-news нашр шуда, сипас дар шабакаи Фейсбук вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Дар навор дида мешавад, ки омӯзгор ба толиба даст бардошта, ӯро аз синф меронад. Навори давомнокиаш 15 сонияро худи хонандагон дар телефони мобилиашон сабт кардаанд.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҷой доштани далели мазкурро ба «Азия-Плюс» тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки ҷиҳати таҳқиқи ҳодиса гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Аз шарҳи ҷузъиёти дигари масъала дар Вазорат худдорӣ карданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.