Дар Тоҷикистон обуҳаво то 7 дараҷа хунук мешавад

Рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта дар Тоҷикистон зимистон ҳукмфармо гашта, обуҳаво якбора тағйир меёбад. Ҳарорат то 10 дараҷа поин рафта, обуҳавои боронӣ ва сипас ба барф гузаштани он дар назар аст. Ҳафтаи оняда бошад, сардиҳои то 5-7 дараҷа хунукӣ пешбинӣ шудааст. Бино ба маълумоти обуҳавошинсон, рӯзи 2 декабр дар ҷумҳурӣ поинравии ҳарорат то 10-12 дараҷа пешгӯӣ […]

Asia-Plus

Рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта дар Тоҷикистон зимистон ҳукмфармо гашта, обуҳаво якбора тағйир меёбад.

Ҳарорат то 10 дараҷа поин рафта, обуҳавои боронӣ ва сипас ба барф гузаштани он дар назар аст. Ҳафтаи оняда бошад, сардиҳои то 5-7 дараҷа хунукӣ пешбинӣ шудааст.

Бино ба маълумоти обуҳавошинсон, рӯзи 2 декабр дар ҷумҳурӣ поинравии ҳарорат то 10-12 дараҷа пешгӯӣ шуда, дар як қатор ноҳияҳо сураъти вазидани шамол то 17-22 метр дар як соният пурзӯр мешавад.

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ – вилояти Суғд обуҳавошиносон аллакай имрӯз боришотро пешгӯӣ мекунанд.

Дар вилояти Хатлон имрӯз дар водиҳо ҳарорат рӯзона 11-16 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо – 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе обуҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар буда, охири рӯз борон меборад. Ҳарорат рӯзона 13-15 дараҷа гарм ва шабона аллакай то сифр мерасад.

Шурӯъ аз рӯзи душанбе, 4 декабр қаламрави Тоҷикистонро обуҳавои сард фаро гирифта, ҳарорат то сифр поин меравад. Рӯзи сешанбе ҳарорати 5 дараҷа хунук ва рӯзи чоршанбе – обуҳавои то 7 дараҷа хунук дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.