Ифтитоҳи Маркази нави Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар Бӯстон

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд маросими ифтитоҳи Маркази нави хизматгузории бонкии ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» баргузор шуд, ки дар он раҳбарияти бонк, намояндагони ҳокимияти маҳаллии шаҳр, меҳмонон ва мизоҷони аввалин иштирок доштанд. Ба гуфтаи роҳбари филиали ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» дар шаҳри Бӯстон Хуршед Умаров, комёбӣ дар тиҷорат ва таъмини фоидаи дарозмӯҳлат танҳо дар сурате […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд маросими ифтитоҳи Маркази нави хизматгузории бонкии ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» баргузор шуд, ки дар он раҳбарияти бонк, намояндагони ҳокимияти маҳаллии шаҳр, меҳмонон ва мизоҷони аввалин иштирок доштанд.

Ба гуфтаи роҳбари филиали ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» дар шаҳри Бӯстон Хуршед Умаров, комёбӣ дар тиҷорат ва таъмини фоидаи дарозмӯҳлат танҳо дар сурате имконпазир аст, ки фаъолияти ширкат ба самти иҷтимоӣ афзалият диҳад.

«Мутаносибан, яке аз бандҳои стратегияи рушди бонки мо беҳбуди некӯаҳволии мардум буда, танҳо дар ҳамин ҳолат бонк барои худ мавҷудияти дарозмуҳлат ва фоидаоварро кафолат дода метавонад. Ин бахусус ҳангоми хизматгузориҳои молӣ ба аҳолӣ муҳим мебошад. Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии молии мардум яке аз омилҳои муҳимтарини беҳбуди сифати ҳаёти аҳолӣ аст», – мутмаин аст Хуршед Умаров.

Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти бонк баҳри ба даст оврадани эътимоди мизоҷони худ ҳамаҷониба саъйу талош меварзад, то ки хизматгузориҳо барои ҳамаи қишри аҳолӣ дастрасу қулай бошанд». «Ният дорем, ки дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд марказҳо боз намуда, ҳарчи бештар ба мардум наздиктар бошем», – гуфт Хуршед Умаров.

Дар фарҷоми маросим ба нахустин мизоҷони Маркази хизматгузориҳои бонкӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва ба аввалин қарзгирандагон бо шартҳои имтиёзнок қарзҳо дода шуданд.

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида (ҶСП)-и «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» 29 феврали соли 2016 аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома дастрас кард. Бонк дар заминаи ҶДММ ТҚХ «Стандарт молия» таъсис дода шуд.

Бонк иштирокчии фаъоли бозори хизматгузориҳои бонкии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамаи амалиёти бонкиро анҷом медиҳад. Шабакаи филиалҳои Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз Дафтари кории асосӣ, чор филиал ва ҳафт маркази хизматгузориҳои бонкӣ дар саросари ҷумҳурӣ иборат аст.

Бо вуҷуди муҳлати начандон зиёди фаъолият, Бонки байналмилалии Тоҷикистон бо афзоиши пойгоҳи мизоҷон ва пешниҳоди хизматгузориҳои нав, хеле зуд рушду густариш ёфта, дар бонк мутахассисони ҷавону аллакай аз таҷрибаи кории хуб бархӯрдор  фаъолият мекунанд. То ба имрӯз Бонки байналмилалии Тоҷикистон беш аз 200 нафарро бо ҷойҳои корӣ таъмин кардааст.

Осонӣ, шаффофият ва эътимоднокӣ сармашқи фаъолияти Бонки байналмилалии Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.