Дар Русия кор кардан мехоҳӣ? Қоидаҳои ҳузури қонуниро бидон

Date:

Русия ҳамасола назорат аз болои раванди муҳоҷиратро тақвият медиҳад. Риоя накардани қонунгузории муҳоҷират ба ихроҷ аз Русия ва манъи вуруд ба муҳлати аз 3 то 5 сол боис мегардад. Мо дар бораи чӣ гуна дар Русия қонунӣ ҳузур доштан инфографика омода намудем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин аз хотир намебарорем, ки назорати иҷрои қонуни муҳоҷират бахусус соли 2018 дар робита ба баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол – FIFA-2018, ки аз 14 июн то 15 июли соли 2018 дар Русия доир мегардад, пурзӯртар карда мешавад.

Вобаста ба ин, бо фармони президенти Русия Владимир Путин, шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия ворид мешаванд, бояд дар муддати 1 шабонарӯз худро ба қайди муҳоҷират гузоранд.

Қобили зикр аст, ки бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018-ро 11 шаҳри Русия қабул мекунанд: Москва, Санкт-Петербург, Калининград, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови лаби Дон, Сочи ва Екатеринбург. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...