АНОНС
– Дар Москва Форуми 12-уми зиёиёни эҷодӣ ва илмии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад;
– Дар Тайбэй маросими қуръакашии даври финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал баргузор мешавад, ки дастаи Тоҷикистон аз ҳарифони худ дар даври гурӯҳӣ огоҳ мешавад. Оғоз соати 08:00 бо вақти Душанбе.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8240 сомонӣ;
1 евро – 10.4070 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1491 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1932 — Роҳи мошингарди Сталинобод – Қӯрғонтеппа ба истифода дода шуд.
2007 – Дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи ипотека» қабул шуд.
2014 — КМИР тасмим гирифт, ки аз ин ба баъд дониши вакилони ҳамаи сатҳҳо аз забони тоҷикӣ санҷида мешавад.
1928 – Зодрӯзи Нависандаи халқии Қирғизистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Чингиз Айтматов.
1908-1976 – Мавлуди академик Абдулғанӣ Мирзоев.
1914-1975 – Зодрӯзи муаррих Арда Қувватов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -3+2.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +1+6.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд (борону барф).
Ҳарорат: дар ғарб шабона -2-7, рӯзона +2+7; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона -3+2.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -3+2.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +6+8.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +2+4.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +7+9.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд (борону барф).
Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +4+6.




