Баррасии воситаҳои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар Душанбе

Бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ҳамкорӣ бо низомҳои пардохтии байналмилалӣ «Visa International” ва “UnionPay International” ва ташкилотҳои қарзӣ Форуми “Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ” баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар кори Форум инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе, намояндагони институтҳои молиявии байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма […]

Шуъбаи матбуоти БМТ

Бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ҳамкорӣ бо низомҳои пардохтии байналмилалӣ «Visa International” ва “UnionPay International” ва ташкилотҳои қарзӣ Форуми “Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ” баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар кори Форум инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе, намояндагони институтҳои молиявии байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма ва операторони алоқаи мобилӣ иштирок намуданд.

“Мақсад аз баргузории Форуми мазкур пешниҳоди иттилоот оид ба тамоюли рушди самти мазкур, гирифтани иттилоот ва табодули таҷриба дар бораи технологияҳои муосири имрӯза дар самти пардохтҳо, ноилшавӣ ва саҳмгузории ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ ва ширкатҳо барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар, инчунин амнияти истифодабарии хизматрасониҳои электронӣ ва рақамӣ ва танзими онҳо мебошад”, – изҳор дошт зимни ифтитоҳи Форум Муовини Раиси БМТ Салимова Лола.

Дар рафти Форум намояндагони низомҳои пардохтии байналмилалӣ, аз ҷумла мудири генералии Visa International Галим Табилдишев, роҳбари Департаменти маҳсулоти Visa International дар кишварҳои ИДМ ва Аврупои ҷанубу шарқӣ Кристина Дорош, намояндаи минтақавии UnionPay International Куаниш Танкиев, мудири маҳсулоти UnionPay International Андрей Вонг ва мудири лоиҳаҳои UnionPay International Алексей Шевтсов дар мавзӯъҳои бартарияти пардохтҳои электронӣ, трендҳои технологӣ: имкониятҳои нав барои соҳаи банкӣ, ҷараёнҳои муосир дар бахши пардохтҳои ғайринақдӣ маърӯза намуданд.

Дар навбати худ, иштирокдорони бозори хизматрасониҳои пардохтии кишвар, аз ҷумла, намояндагони Маркази протсессингии низоми пардохти “Корти миллӣ” БДА ҶТ “Амонатбанк”, ҶСП “Казкоммерсбонк Тоҷикистон”, ҶСП “Спитаменбонк”, ҶДММ ТАҚХ “Алиф Сармоя”, ҶСП ТАҚҲ “Ҳумо” оид ба раванди пардохтҳои беҳудуд, тамоюлҳои муосири рушди хизматрасониҳои пардохтӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар ин самт суханронӣ карданд.

Дар маҷмӯъ, дар кори Форум масъалаҳои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ, тамоюлҳои муосири рушди хизматрасониҳои пардохтӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, имкониятҳои нав барои соҳаи банкӣ, вазъи воқеии бозори хизматрасониҳои пардохтӣ, мушкилиҳо, самтҳо ва роҳҳои минбаъдаи рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ баррасӣ гардиданд.

Боиси тазаккур аст, ки бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” (марти 2017) заминаи ҳуқуқӣ барои ташкилии фаъолияти низоми пардохт ва тартиби пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба тараққиёти низоми пардохт ба амал омад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.