Вазорати корҳои дохилии Россия аз 1 июли соли 2019 ҷорӣ кардани дактилоскопия (гирифтани изи ангуштон)-и ҳатмӣ ва аксбардории ҳамаи хориҷиёнро, ки ба муҳлати беш аз 3 моҳ ба қаламрави Россия ворид мешаванд, ба нақша гирифтааст.
Бино ба маълумоти сомонаи Мigranto.ru, дар посух ба дархости хабаргузории ТАСС аз Вазорати корҳои дохилии Россия иттилоъ додаанд, ки айни замон лоиҳаи қонуни дахлдор мавриди таҳия қарор дорад.
«Лоиҳаи қонуни федералӣ ба такмили механизми таъмини назорати бояду шояд аз болои будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷии ба қаламрави Россия воридшуда бо тартибе, ки гирифтани раводидро талаб намекунад, ҳамчунин ошкор кардани шахсоне, ки нисбаташон ҷиҳати вуруд ба Русия маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд, равона гардида, ҷорисозии ин тартиб аз 1 июли соли 2019 дар назар аст», – баён мегардад дар маълумот.
Дар маркази матбуоти Вазорат шарҳ додаанд, ки дар лоиҳа пешбинӣ шудааст, ки шаҳрванди ба Россия воридшуда бидуни раводид бояд бо анҷоми муҳлати 30 рӯз аз замони вурудаш ба кишвар дар муддати 7 рӯз ВКД Россияро дар бораи ҳузури муваққатиаш огоҳ намояд.
Қаблан зимни суханронӣ дар Думаи давлатӣ вазири корҳои дохилии Россия Владимир Колоколтсев иттилоъ дода буд, ки дактилоскопия ва аксбардориро барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба мудати беш аз 30 рӯз бидуни раводид ба қаламрави Россия ворид мешаванд, ҳатмӣ карданианд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дактилоскопия дар ҳолате ҳатмӣ аст, ки агар шаҳрванди хориҷӣ патент дошта бошад, иҷозатномаи барои иқомати муваққатӣ ё иҷозат барои зист гирифта бошад.


