Каромат Шариповро бо хатсайри Кӯлоб – Маскав ба Тоҷикистон фиристоданд

Собиқ роҳбари ташкилоти «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шариповро шоми дирӯз, 12 декабр аз қаламрави Русия хориҷ карданд. Ин кор дарҳол баъди аз ҷониби суди вилояти Маскав бетағйир гузошта шудани қарори зинаи аввали судӣ, ки мувофиқи он, ӯ дар риоя накардани қонунгузории Русия айбдор дониста шуда, бояд аз қаламрави Русия хориҷ мешуд, сурат гирифт. Гуфа мешавад, […]

Наим Халимов

Собиқ роҳбари ташкилоти «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шариповро шоми дирӯз, 12 декабр аз қаламрави Русия хориҷ карданд.

Ин кор дарҳол баъди аз ҷониби суди вилояти Маскав бетағйир гузошта шудани қарори зинаи аввали судӣ, ки мувофиқи он, ӯ дар риоя накардани қонунгузории Русия айбдор дониста шуда, бояд аз қаламрави Русия хориҷ мешуд, сурат гирифт.

Гуфа мешавад, ҷаласаи судӣ бидуни ҳузури худи Каромат Шарипов доир гардида, ӯ дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ дар шаҳри Егорвеск қарор дошт.

Дар сомонаи ташкилоти «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» қайд мешавад, ки дарҳол баъди содир шудани қарор дар бораи ихроҷи ӯ, намояндагони мақомоти судӣ ба шаҳри Егоревск омада, зери посбонӣ ва завлонаҳо дар даст Шариповро ба фурудгоҳи «Домодедово» бурдаанд.

Зикр мегардад, ки Каромат Шарипов тариқи хатсайри ҳавоии Маскав – Кӯлоб ба Тоҷикистон фиристода шудааст. Дар ҳамин ҳол, ҳамчунин қайд мешавад, ки билети ҳавопаймоӣ ба ин хатсайр пешакӣ гирифта шудааст.

«Ба Каромат Шарипов, ки ба кумаки тиббӣ эҳтиёҷ дошт, ёрӣ расонида нашуда, ба ӯ имкон надоданд, ки бо оилааш – ҳамсару фарзандонаш дидору гуфтугӯ кунад. Зимни ҷаласа судя изҳор дошт, ки барои зиндагии якҷоя аъзои оилаи Каромат Шарипов метавонанд аз паси ӯ ба ватани таърихиашон бираванд», – қайд мешавад дар маълумот.

Дар ҳамин ҳол, аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳақиқатан ҳам Каромат Шарипов дар рӯйхати мусофирони хатсайри №957-и ширкати «Сибир» аз Маскав ҳузур дошта, ҳайопаймо соати сеи шаб ба Кӯлоб фуруд омадаааст. Доир ба макони будубоши ҳозираи Каромат Шарипов алҳол маълумоте дастрас нест.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12 декабр суди Люберетский дар бораи ихроҷи роҳбари ташкилоти барҳамхӯрдаи «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» қарор содир кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.