Дактилоскопияи ҳатмии хориҷиёни бидуни раводид ба Россия воридмешуда аз соли 2019

Вазорати корҳои дохилии Россия аз 1 июли соли 2019 ҷорӣ кардани дактилоскопия (гирифтани изи ангуштон)-и ҳатмӣ ва аксбардории ҳамаи хориҷиёнро, ки ба муҳлати беш аз 3 моҳ ба қаламрави Россия ворид мешаванд, ба нақша гирифтааст. Бино ба маълумоти сомонаи Мigranto.ru, дар посух ба дархости хабаргузории ТАСС аз Вазорати корҳои дохилии Россия иттилоъ додаанд, ки айни […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Россия аз 1 июли соли 2019 ҷорӣ кардани дактилоскопия (гирифтани изи ангуштон)-и ҳатмӣ ва аксбардории ҳамаи хориҷиёнро, ки ба муҳлати беш аз 3 моҳ ба қаламрави Россия ворид мешаванд, ба нақша гирифтааст.

Бино ба маълумоти сомонаи Мigranto.ru, дар посух ба дархости хабаргузории ТАСС аз Вазорати корҳои дохилии Россия иттилоъ додаанд, ки айни замон лоиҳаи қонуни дахлдор мавриди таҳия қарор дорад.

«Лоиҳаи қонуни федералӣ ба такмили механизми таъмини назорати бояду шояд аз болои будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷии ба қаламрави Россия воридшуда бо тартибе, ки гирифтани раводидро талаб намекунад, ҳамчунин ошкор кардани шахсоне, ки нисбаташон ҷиҳати вуруд ба Русия маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд, равона гардида, ҷорисозии ин тартиб аз 1 июли соли 2019 дар назар аст», – баён мегардад дар маълумот.

Дар маркази матбуоти Вазорат шарҳ додаанд, ки дар лоиҳа пешбинӣ шудааст, ки шаҳрванди ба Россия воридшуда бидуни раводид бояд бо анҷоми муҳлати 30 рӯз аз замони вурудаш ба кишвар дар муддати 7 рӯз ВКД Россияро дар бораи ҳузури муваққатиаш огоҳ намояд.

Қаблан зимни суханронӣ дар Думаи давлатӣ вазири корҳои дохилии Россия Владимир Колоколтсев иттилоъ дода буд, ки дактилоскопия ва аксбардориро барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба мудати беш аз 30 рӯз бидуни раводид ба қаламрави Россия ворид мешаванд, ҳатмӣ карданианд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дактилоскопия дар ҳолате ҳатмӣ аст, ки агар шаҳрванди хориҷӣ патент дошта бошад, иҷозатномаи барои иқомати муваққатӣ ё иҷозат барои зист гирифта бошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.