Занозании муҳоҷирон дар Маскав: боздошти 12 нафар

Шаби 13 декабр дар як қаҳвахона дар хиёбони Севастополский дар шаҳри Маскав байни зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон боз як занозании гурӯҳӣ рух дода, ду нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», пулис гуфтааст, дар пайи ин занозанӣ дар заминаи маишӣ 12 муҳоҷири тоҷику ӯзбек дастгир шудаанд. Бо истинод ба Маркази матбуоти раёсати корҳои […]

Akhbor.com

Шаби 13 декабр дар як қаҳвахона дар хиёбони Севастополский дар шаҳри Маскав байни зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон боз як занозании гурӯҳӣ рух дода, ду нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», пулис гуфтааст, дар пайи ин занозанӣ дар заминаи маишӣ 12 муҳоҷири тоҷику ӯзбек дастгир шудаанд.

Бо истинод ба Маркази матбуоти раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав хабар дода мешавад, ки намояндаи пулис гуфтааст:

«Шаби 13 декабр, соати 01:43 ба пулис дар бораи занозанӣ дар хиёбони Севастополский хабар расид. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, маълум карданд, ки ин муноқиша дар заминаи маишӣ сурат гирифтааст. Барои баррасии амиқтари қазия 12 нафарро ба шӯъбаи пулис оварданд».

Гуфта мешавад, ҳамаи 12 нафари боздоштшуда зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон будаанд.  Дар натиҷаи ин занозанӣ ду нафар бо ҷароҳатҳои сабуки сару рӯ ба бемористон бурда шуда, вале ҳардуро баъди расондани ёрии тиббӣ ҷавоб додаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки танҳо дар якуним моҳи охир ин аллакай сеюмин занозании гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар шаҳри Маскав аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.