Дар Русия бори нахуст ба нашъаҷаллоб ҳукми ҳабси абад дархост шуд

Дар таҷрибаи кори судҳои Русия айбодркунандаи давлатӣ бори нахуст барои шахси машғул ба хариду фурӯши маводи нашъаовар ҳукми ҳабси абад дархост намуд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба намояндаи расмии Прокуратураи генералии Русия Александр Куренной. «18 декабр дар суди вилояти Маскав ҳукми парвандаи ҷиноӣ нисбати 15 шаҳрванди Тоҷикистон, ки давоми солҳои 2012-2015 ба содир кардани […]

Asia-Plus

Дар таҷрибаи кори судҳои Русия айбодркунандаи давлатӣ бори нахуст барои шахси машғул ба хариду фурӯши маводи нашъаовар ҳукми ҳабси абад дархост намуд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба намояндаи расмии Прокуратураи генералии Русия Александр Куренной.

«18 декабр дар суди вилояти Маскав ҳукми парвандаи ҷиноӣ нисбати 15 шаҳрванди Тоҷикистон, ки давоми солҳои 2012-2015 ба содир кардани ҷиноятҳои марбут ба кӯшишҳои ворид кардан ва паҳн кардани наздики 600 кило героин марбут буданд, содир мешавад», – иброз доштааст Куренной.

Ба гуфтаи ӯ, дар таҷрибаи прокуратура ин дархост бесобиқа буда, онҳо танҳо ба роҳбари яке аз воҳидҳои сохтории гурӯҳи ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб Табаров ҳукми ҳабси якумриро дархост намудаанд.

«Табаров ҷинояткори гузаро аст. Ӯ соли 2003 дар вилояти Пенза барои ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъавоар ба 10 соли зиндон маҳкум шуда, бо дархости Тоҷикистон ба ватан истирдод шуд, вале баъди озод шудан, чандин маротиба бо шиносномаи қалбакӣ ба Русия омада, роҳбари гурӯҳи ҷиноятпшае шуд, ки ба интиқоли героин аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул буд. Дар автомашинаҳо бо олучаву харбуза онҳо пинҳонӣ героин интиқол медоданд», – гуфтааст номбурда.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти прокуратура ба дигар айбдоршавандагон муҳлати аз 6 то 25 соли зиндон дархост кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.