Ба қисме аз сокинони ноҳияи Сино интиқоли об қатъ мешавад

Ба қисме аз сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муддати як шабонарӯз – аз соати 22:00-и рӯзи 20 декабр то соати 24:00-и рӯзи 21 декабр интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мешавад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомот шаҳрдории пойтахт, қатъи таъмини об бинобар сабаби васли қубурҳо бо хатҳои амалкунандаи интиқоли об дар иншооти «Навсозии роҳи мошингарди Душанбе […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ба қисме аз сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муддати як шабонарӯз – аз соати 22:00-и рӯзи 20 декабр то соати 24:00-и рӯзи 21 декабр интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомот шаҳрдории пойтахт, қатъи таъмини об бинобар сабаби васли қубурҳо бо хатҳои амалкунандаи интиқоли об дар иншооти «Навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон» (аз муҷассамаи Сино то дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе) сурат мегирад.

Гуфта мешавад, дар муддати зикршуда интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди маҳаллаҳои 92, 82, 101, 102, 112, Испечак-1,2, Қазоқон-1,2,  Ободкорон, Бунёдкорон ва кӯчаи Н.Махсум боздошта мешавад.

Дар ин робита мақомоти шаҳрдорӣ аз сокинон пойтахт дархост намудааст, ки барои як шабонарӯз оби нӯшокӣ захира намоянд.

Ба раиси ноҳияи Сино ва ва директори корхонаи «Обу корези Душанбе» дастур дода шудааст, ки бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.