Ҷавобгарии ҷиноӣ дар Русия барои қайди қалбакии муҳоҷирон

Думаи давлатии Русия бастаи лоиҳаи қонунҳо дар бораи ҷорӣ шудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои қайди қалбакии муҳоҷирон дар биноҳои ғайримаскунро (ғайриистиқоматиро) қабул кард. Тавре нашрияи Коммерсант хабар медиҳад, ин лоиҳаи қонунҳоро моҳи октябр муовини раиси Думаи давлатӣ Ирина Яровая пешниҳод карда буд. Гуфта мешавад, ба қонун «Дар бораи қайди муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар […]

Asia-Plus

Думаи давлатии Русия бастаи лоиҳаи қонунҳо дар бораи ҷорӣ шудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои қайди қалбакии муҳоҷирон дар биноҳои ғайримаскунро (ғайриистиқоматиро) қабул кард.

Тавре нашрияи Коммерсант хабар медиҳад, ин лоиҳаи қонунҳоро моҳи октябр муовини раиси Думаи давлатӣ Ирина Яровая пешниҳод карда буд.

Гуфта мешавад, ба қонун «Дар бораи қайди муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия» тағйироту иловаҳо ворид мешавад. Дар лоиҳа қайд шудааст, ки қайди қалбакии шаҳрванди хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ натанҳо дар биноҳои истиқоматӣ, балки дар ғайриистиқоматӣ низ сурат гирифта, барои ин шахсони ҳуқуқии муҳоҷиронро бақайдгузошта масъулияти ҷиноӣ хоҳанд дошт.

Муаллифи тағйироту иловаҳо Яровая пешниҳод кардааст, ки барои қайди қалбакӣ дар дар дафтарҳои корӣ ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то се сол мисли ҷазои феълан амалкунанда барои муҳоҷирати оммавӣ дар биноҳои истиқоматӣ ҷорӣ шавад.

Мувофиқи қонуне, ки айни замон дар Русия мавриди амал қарор дорад, барои қайди қалбакии муҳоҷирон ҷарима дар ҳаҷми аз 100 то 500 ҳазор рубл ё ҳаҷми даромади маҳкумшуда дар давраи то се сол пешбинӣ шудааст.

Моҳи май ВКД хабар дод, ки шумораи хонаҳои «резинӣ» (бо қайди хеле сершумори муҳоҷирон) тӯли 2 сол қариб 200 баробар кам шудааст. Ба иттилои вазорат, соли 2016 ҳудуди 20,5 ҳазор ҷинояти марбут ба далели қайди шаҳрвандони хориҷӣ ва беш аз 3 ҳазор ҷинояти вобаста ба далели сабти қалбакӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.