Духтари собиқ президенти Ӯзбекистон низ ба «рӯйхати Магнитский» дохил шуд

Вазорати молияи ИМА номи Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар "рӯйхати Магнитский" ворид кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин рӯйхат онҳое шомил ҳастанд, ки дар поймол кардани ҳуқуқи инсон гумонбар дониста мешаванд. Гуфта мешавад, Таҳқиқи парвандаи Гулнора Каримоваро мақомоти ИМА ва чанд кишвари дигари аврупоӣ аз соли […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазорати молияи ИМА номи Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар "рӯйхати Магнитский" ворид кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин рӯйхат онҳое шомил ҳастанд, ки дар поймол кардани ҳуқуқи инсон гумонбар дониста мешаванд.

Гуфта мешавад, Таҳқиқи парвандаи Гулнора Каримоваро мақомоти ИМА ва чанд кишвари дигари аврупоӣ аз соли 2013 шуруъ карданд. Бино бар иттилои тафтишот, Каримова барои иҷозаи фаъолият дар Ӯзбекистон аз ширкатҳои алоқаи мобилии хориҷӣ 1 миллиард доллар пора гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, моҳи августи соли ҷорӣ додситонии кулии Ӯзбекистон аз мақомоти Русия хостанд, ки дороиҳои Гулнора Каримоваро ҳабс кунанд. Мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, Гулнора Каримова тавассути ширкатҳои офшориаш маблағҳои бо роҳи ғайриқонунӣ пайдо кардаро қонунӣ мегардонд.

Моҳи октябри соли 2013 Каримова дар Ӯзбекистон дар тамаъҷӯӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор шуд. Чанд сол вай дар ҳабси хонагӣ буд ва моҳи августи соли 2015 додгоҳи Тошканд ӯро панҷ сол зиндонӣ кард.

Духтари президенти пешин дар саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои марбут ба ширкатҳои офшорӣ айбдор дониста шуд. Ӯзбекистон талош кард, ки дороиҳои Гулнораро дар 12 кишвар, аз ҷумла Русия ҳабс кунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.