Интизории «Ӯзбекэнерго» ба васли дастгоҳҳои муҳофизатӣ дар Тоҷикистон

Ширкати «Ӯзбекэнерго» роҳандозии фаъолияти муштарак бо низоми энергетикии Тоҷикистонро пас аз васли реле (дастгоҳи васл ва ҷудо кардани ҳалқаи барқӣ)-и муҳофизатӣ ва дастгоҳи автоматикии зидди садама дар Тоҷикистон тарҳрезӣ намуд. «Ҷамъияти саҳомии «Ӯзбекэнерго» роҳандозии ҳамкорӣ бо низоми энергетикии Тоҷикистонро ба нақша гирифт. Айни замон Ӯзбекистон хатҳои барқи ҷараёни 220 ва 500 кВ-ро омода кард», – […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати «Ӯзбекэнерго» роҳандозии фаъолияти муштарак бо низоми энергетикии Тоҷикистонро пас аз васли реле (дастгоҳи васл ва ҷудо кардани ҳалқаи барқӣ)-и муҳофизатӣ ва дастгоҳи автоматикии зидди садама дар Тоҷикистон тарҳрезӣ намуд.

«Ҷамъияти саҳомии «Ӯзбекэнерго» роҳандозии ҳамкорӣ бо низоми энергетикии Тоҷикистонро ба нақша гирифт. Айни замон Ӯзбекистон хатҳои барқи ҷараёни 220 ва 500 кВ-ро омода кард», – иттилоъ медиҳад «УзА» бо истинод ба ширкат.

Дар маълумот қайд мешавад, ки дар низоми энергетикии Тоҷикистон лоиҳаҳои марбут ба истифодаи дастгоҳҳои автоматикии зидди садама ва релеи муҳофизатӣ мавриди амалишавӣ қарор дошта, баъди анҷоми онҳо роҳандозии фаъолияти муштараки низомҳои энергетикии кишварҳо дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, чанде рӯз қабл зимни суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт, ки аз тобистони соли оянда Тоҷикистон метавонад ба Ӯзбекистон нерӯи барқ интиқол диҳад.

Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон қотеъона ният доранд, ки низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии минтақаро барқарор кунанд ва барои ин Ӯзбекистонро лозим аст, ки 60 км хати интиқоли барқи васлкунандаи ҷануби кишвар бо Тоҷикистонро барқарор созад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.