Долларро 35 ҳазор сомонӣ иваз карду 36 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

Сокини шаҳри Ҳисор барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ муҷозот шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, суди шаҳри Ҳисор сокини маҳаллӣ Баҳодур Ҷалиловро барои ин қонуншиканӣ ба маблағи 36 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима кардааст. Гуфта мешавад, Ҷалилов бидуни иҷозатномаи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) нимаи моҳи сентябри соли равон маблағи 4 ҳазор […]

Asia-Plus

Сокини шаҳри Ҳисор барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ муҷозот шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, суди шаҳри Ҳисор сокини маҳаллӣ Баҳодур Ҷалиловро барои ин қонуншиканӣ ба маблағи 36 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима кардааст.

Гуфта мешавад, Ҷалилов бидуни иҷозатномаи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) нимаи моҳи сентябри соли равон маблағи 4 ҳазор доллари амрикоии сокини маҳаллиро ба 35 ҳазору 220 сомонӣ иваз кардааст.

Ёдрас мекунем, ки БМТ аз 17 апрели соли ҷорӣ бо мақсади «таъмини устувории бозори дохилии асъор ва суботи қурби сомонӣ»,  фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори мутааллиқ ба шахсони воқеиро боздошт.

Акнун ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ҳар як амалиёти фурӯши асъори нақдро бо тартиботи махсус, ишораи ҳамаи маълумоти муайянкунандаи шахсияти харидор анҷом медиҳанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.