Аз 1 сентябри соли оянда музди меҳнат 15% зиёд мешавад

Бо назардошти сатҳи рушди иқтисод ва имконоти молиявии кишвар, аз 1 сентябри соли оянда музди меҳнати ҳамаи кормандони сохторҳои буҷет 15 фоиз зиёд мешавад. Дар ин бора Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми ҳамасола ба парлумон маълумот дод. Зикр гардид, ки ҳаҷми нафақаи ҳама дараҷаҳои нафақахӯрон низ ба андозаи 15 фоиз боло бардошта […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо назардошти сатҳи рушди иқтисод ва имконоти молиявии кишвар, аз 1 сентябри соли оянда музди меҳнати ҳамаи кормандони сохторҳои буҷет 15 фоиз зиёд мешавад.

Дар ин бора Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми ҳамасола ба парлумон маълумот дод.

Зикр гардид, ки ҳаҷми нафақаи ҳама дараҷаҳои нафақахӯрон низ ба андозаи 15 фоиз боло бардошта мешаванд.

Аз моҳи сентябри соли оянда музди меҳнати кормандони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ба миқдори 10 фоиз афзуда мешавад.

Ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар «Кохи Сомон» гузашта истодааст, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми ҳамасола ба парлумон суханронӣ дорад.

Дар ҷаласа раисону вилояту шаҳр ва ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок дошта, суханронии Сарвари давлат мустақиман тариқи ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион намоиш дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.