Зинаи 108-уми Тоҷикистон дар рейтинги пешбурди тиҷорати Forbes

Дар рейтинги пешбурди тиҷорати маҷаллаи амрикоии Forbes миёни 153 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 108-ум қарор дорад. Қайд мешавад, ки соли гузашта Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон (ММД) 6,9% афзуда, шумори аҳолии кишвар – 8,5 млн нафар ва ММД ба ҳар як сари аҳолӣ 800 долларро ташкил додааст. Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон зинаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар рейтинги пешбурди тиҷорати маҷаллаи амрикоии Forbes миёни 153 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 108-ум қарор дорад.

Қайд мешавад, ки соли гузашта Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон (ММД) 6,9% афзуда, шумори аҳолии кишвар – 8,5 млн нафар ва ММД ба ҳар як сари аҳолӣ 800 долларро ташкил додааст.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон зинаи 65-ум, Ӯзбекистон – 99-ум ва Қирғизистон мақоми 123-юмро касб кардаи Туркманистон дар рейтинг ҳузур надорад.

Давлатҳои беҳтарин барои пешбурди тиҷорат – Британияи Кабир, Зеландияи Нав ва Нидерланд дониста шуда, зинаҳои охирини рейтингро кишварҳои Гаити, Гамбия ва Чад ишғол кардаанд.

Дар рейтинги Forbes 153 кишвар аз рӯи 15 нишондиҳанда, аз қабили ҳуқуқ ба моликият, сатҳи ҷорисозии инноватсияҳо, сатҳи андозбандӣ, технология, мизони коррупсия, озодӣ (шахсӣ, тиҷоратӣ ва молиявӣ), расмиётчигӣ (бюрократизм), таъмини ҳимояи сармоягузорон ва ғайра баҳогузорӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар рейтинги аввали моҳи ноябр интишоршудаи Бонки ҷаҳонӣ – Doing Business 2018 байни 190 кшвари дунё Тоҷикистон зинаи 128-умро ишғол намуд.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ зикр гардида буд, ки тайи соли охир дар Тоҷикистон дар мавриди сабук кардани расмиёти таъсиси корхонаҳо ва бақайдгирии моликият ислоҳот роҳандозӣ шуд, ки ба Тоҷикистон барои 5 зина боло рафтан дар ин рейтинг имкон дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.