Дархости шахси боэътимоди Ксения Собчак шудани Навалний

Шореҳи телевизион Ксения Собчак сабти ном накардани номзадии мухолиф Алексей Навалнийро дар интихоботи президентии Русия "беадолатии даҳшатовар ва иштибоҳи навбатии мақомот"-и кишвараш номид,вале аз даъвати Навалний барои таҳрими интихобот ҷонибдорӣ накард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Собчак суханони худи Алексей Навалнийро, ки пеш аз интихоботи соли 2011 гуфта буд, иқтибос овард, "таҳрим […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Шореҳи телевизион Ксения Собчак сабти ном накардани номзадии мухолиф Алексей Навалнийро дар интихоботи президентии Русия "беадолатии даҳшатовар ва иштибоҳи навбатии мақомот"-и кишвараш номид,вале аз даъвати Навалний барои таҳрими интихобот ҷонибдорӣ накард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Собчак суханони худи Алексей Навалнийро, ки пеш аз интихоботи соли 2011 гуфта буд, иқтибос овард, "таҳрим кор намедиҳад ва аз нигоҳи муборизаҳои сиёсӣ низ маъное надорад. Баръакс, дарсади овозҳои президенти кунунии Русия Владимир Путинро боло хоҳад бурд".

"Мефаҳмам, ки ҳоло барои Навалний чи қадар мушкил аст, вале кори умуми мо муҳимтар аст", – навиштааст шореҳи рус дар шабакаи иҷтимоии инстаграм. Ӯ бори дигар аз нирӯҳои демократии Русия даъват кард, ки муттаҳид шаванд ва аз Навалний хост, дар сурати сабти номзадияш шахси боэътимоди ӯ шавад.

Алексей Навалний 25 декабр мавқеи худро, ки тайи шаш соли ахир аз мардум даъват мекард, зидди ҳизби "Русияи воҳид" ба кадом ҳизбе набошад, раъй диҳанд, тағйир дод. Ба назари ӯ, "зидди Путин ба дилхоҳ ҳизб овоз додан боз ба нафъи Путин хоҳад буд".

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Русия 25 декабр бо 12 раъйи ҷонибдор аз сабти номзадии Навалний ба мақоми президентӣ дар интихоботи моҳи марти ин кишвар худдорӣ кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.