Баёноти ронандаи автобусе, ки дар Маскав пиёдагардонро пахш кард

Дар шаҳри Маскав автобуси мусофирбар аз роҳ баромада, анбӯҳи пиёдагардонеро пахш кард, ки дар даромадгоҳи гузаргоҳи зеризаминӣ қарор доштанд. Дар натиҷа чаҳор одам ба ҳалокат расида, 11 тани дигар осеб дидаанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин ҳодиса дар хиёбони Кутузовский, дар наздикии истгоҳи метрои "Славянский булвар" рух дод. Ронандаи автобус, ки […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Маскав автобуси мусофирбар аз роҳ баромада, анбӯҳи пиёдагардонеро пахш кард, ки дар даромадгоҳи гузаргоҳи зеризаминӣ қарор доштанд. Дар натиҷа чаҳор одам ба ҳалокат расида, 11 тани дигар осеб дидаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин ҳодиса дар хиёбони Кутузовский, дар наздикии истгоҳи метрои "Славянский булвар" рух дод. Ронандаи автобус, ки боздошт шуд, ҳангоми бозпурсӣ гуфт, рӯзи душанбе бори нахуст пушти фармони ин нақлиёти ҷамъиятӣ нишаста будааст.

"Вақте тормози дастиро поин овардам, автобус ба ҳаракат даромад. Тамоми талошамро кардам, то бозистад, вале наистод. Низоми ҳаракати автобус худкор аст ва бинобар ин, чизе карда натавонистам", – иқтибос овардааст сомонаи Life аз суханони ронанда.

Пулис ду фарзияи ҳодиса – набаромадан аз уҳдаи идораи нақлиёт ва мушкили техникӣ доштани автобусро таҳқиқ дорад. Масъулони ширкати давлатии "Мострансавто" мегӯянд, автобус соли 2017 мавриди истифода қарор гирифта, пеш аз ҳаракат дар масир тармим шуда буд. Ба гуфтаи онҳо, ронанда таҷрибаи 30-солаи корӣ дошта, аз соли 2000 ба ин сӯ дар ширкат кор мекунад.

Дар шаҳри Москва баъди ҳодисаи маргбори мазкур санҷиши тамоми автобусҳои мусофирбар шуруъ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.