Тасдиқи созишнома бо Бонки ҷаҳонӣ баъди таъхири якҳафтаина

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ҷаласаи имрӯза Созишнома дар бораи маблағгузорӣ ба лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ»-ро тасдиқ намуд. Созишнома байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд. Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Меҳринамо Ҷонмаҳмадова иттилоъ дод, ки дар доираи амалисозии […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ҷаласаи имрӯза Созишнома дар бораи маблағгузорӣ ба лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ»-ро тасдиқ намуд.

Созишнома байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Меҳринамо Ҷонмаҳмадова иттилоъ дод, ки дар доираи амалисозии ин лоиҳа муддати панҷ соли минбаъда дар ноҳияҳои ВМКБ сохтмони 18 пул (купрӯк) ва дар вилояти Хатлон анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба масофаи 31 километр пешбинӣ шудааст.

Ӯ хотиррасон намуд, ки барои амалисозии лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 50 млн. доллар маблағ ҷудо карданист, ки 25 млн. доллараш грант мебошад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода имрӯз зимни суханронӣ назди вакилони парлумон қайд кард, ки созишномаи зикршуда аввалин созишномаест, ки Душанбе бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи пешгирии офатҳои табиӣ ба имзо расонид.

Зимнан хотиррасон шуд, ки тайи 5 соли ахир офатҳои табиӣ ба хоҷагии истифодабарии роҳи кишвар ба маблағи наздики 63 млн. сомонӣ зиён расонидааст.

Сардори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон Холмурод Раҳмонзода дар ин робита зикр кард, ки айни замон дар саросари ҷумҳурӣ 947 дарё бо масофаи умумии беш аз 30 ҳазор километр мавҷуданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар мавсими тирамоҳу баҳор аксари дарёҳои кишвар бар асари обхезӣ ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарар меоваранд.

Ҳамаи намояндагони ҳукумати кишвар ба вакилони мардумӣ итминон доданд, ки созишномаи мазкур хушсифат ва дар муҳлати муқарраршуда ба иҷро хоҳад расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.