Мирзиёев ба Тоҷикистон меояд: Об кардани яхи 20-сола осон набошад ҳам, вале зарур аст

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи вилояти Тошканд изҳор дошт, ки Ӯзбекистон муносибатҳои ҳамҷаворӣ бо Тоҷикистонро барқарор хоҳад кард, зеро «ҳамсояи номеҳрубонро баъди марг касе намебахшад». Дар ин бора барномаҳои иттилоотии шабакаҳои давлатии телевизиони ин кишвар хабар доданд. Президенти Ӯзбекистон қайд кардааст, ки ба наздикӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи вилояти Тошканд изҳор дошт, ки Ӯзбекистон муносибатҳои ҳамҷаворӣ бо Тоҷикистонро барқарор хоҳад кард, зеро «ҳамсояи номеҳрубонро баъди марг касе намебахшад». Дар ин бора барномаҳои иттилоотии шабакаҳои давлатии телевизиони ин кишвар хабар доданд.

Президенти Ӯзбекистон қайд кардааст, ки ба наздикӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон рафта, дар ҷараёни он ҷонибҳо созишномаҳои зиёдеро ба имзо мерасонанд.

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин гуфтааст, барои омодагии сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов рӯзҳои наздик ба Душанбе меравад.

«Мо созишномаҳои зиёд баимзо мерасонем, алоқаи роҳи оҳан ва низоми ягонаи энергетикиро барқарор намуда, бисёр масъалаҳои дигарро низ баррасӣ хоҳем кард», – изҳор доштааст президенти кишвари ҳамсоя.

Ӯ зикр кардааст, ки «вақте ки муносибатҳо бо ҳамсоякишварҳо беҳбудӣ мехоҳанд, роҳандозии ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷи дур мушкилтар мешавад». «Мо ҳама мирандаем ва набояд фаромӯш кард, ки ҳамсояи номеҳрубонро баъди марг касе намебахшад», – гуфтааст Мирзиёев.

Дар идома ӯ илова кардааст, ки Ӯзбекистон муносибатҳояш бо ҳамсоякишварҳоро беҳтар хоҳад кард: «Ҳарчанд об кардани яхи 20-сола осон набошад ҳам, вале зарур аст».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.