Оғози лоиҳаи коркарди муқаррароти хадамоти руҳӣ аз ҷониби Маркази ҳуқуқи инсон

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ лоиҳаи «Коркарди муқаррароти дохилии хадамоти руҳӣ ва боло бурдани иқтидори кормандони мақомоти прокуратура оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ»-ро амалӣ менамояд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Эътилоф, мувофиқи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, […]

Иттилоияи расмӣ

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ лоиҳаи «Коркарди муқаррароти дохилии хадамоти руҳӣ ва боло бурдани иқтидори кормандони мақомоти прокуратура оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ»-ро амалӣ менамояд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Эътилоф, мувофиқи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, на танҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, балки азобҳои ахлоқиву равонӣ низ бояд баҳогузорӣ карда шаванд. Барои баҳогузории оқибатҳои равонии шиканҷа гузаронидани ташхиси маҷмуии равонӣ-руҳӣ ба хотири муаяйн намудани ҳолати стрессии баъди ҷароҳатбардорӣ ё депрессияи амиқ зарур аст.

Аммо на ҳама табибон барои гузаронидани ташхисҳои руҳӣ омодаанд. Муқаррароти дохиливу варақаҳои тиббии хадамоти руҳӣ бошанд, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгў нестанд. Дар таҷрибаи амалӣ оид ба аризаҳо дар бораи истифодаи шиканҷа оқибати истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона аз ҷониби ташхисгарон на ҳамеша баҳогузорӣ карда мешаванд.

Ба ҳамин хотир, дар доираи лоиҳа дар якҷоягӣ бо таҳлилгарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили муқаррароти дохилии хадамоти руҳӣ ва коркарди муқаррароти нав мувофиқи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои Протоколи Истамбулӣ гузаронида мешавад.

Инчунин, дар доираи лоиҳа дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани тренингҳо барои кормандони мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд дар масъалаи тафтиши самараноки далелҳои шиканҷа ва таъин намудани ташхис оид ба баҳогузории оқибатҳои равониву ҷисмонии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тренингҳо дар доираи Барномаҳои таълимӣ дар самти ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва Нақшаи миллии амал барои иҷрои тавсияҳои давлатҳои узви Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон гузаронида мешаванд.

Лоиҳа аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» бо дастгирии Институти Ҷомеаи Кушода – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат