Собиқ раиси Хуҷанд роҳбари вилояти Суғд таъин шуд

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,  Раҷаббой Аҳмадзода, ки ба ҳайси раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ кор мекард, ба ҷойи ӯ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъин шуд. Хадамоти матбуоти […]

Asia-Plus

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,  Раҷаббой Аҳмадзода, ки ба ҳайси раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ кор мекард, ба ҷойи ӯ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъин шуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки рӯзи 13 январ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти иҷроияи вилояти Суғд бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон маросими муаррифии Раиси нави вилоят баргузор гардид.

Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба Абдураҳмон Қодирӣ барои фаъолияти пурсамараш аз номи Ҳукумати ҶТ изҳори сипос намуда, ба и.в. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар иҷрои вазифаи пурмасъулият барору комёбиҳо таманно намуд.

Зикр мегардад, ки Раҷаббой Аҳмадзода 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ.

Соли 1993 Институти химия- технологияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси «Муҳандис-химик-технолог» ва соли 2010 Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси «Иқтисодчӣ» хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба ҳайси муҳандис-технологи заводи «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1994-2016 дар вазифаҳои муовини сардори заводи «Сангбурӣ», сардори идораи робитаҳои иқтисодии берунӣ, муовини директори генералӣ ва директори генералии ҶС «Ленинободпромстройматериал»-и Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, директори генералии КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Қайроққум ва раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Аз 30 марти соли 2016 то январи соли 2018 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.