АНОНС
– Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2017:
– КВД «Тоҷиксуғурта» – оғоз соати 10:00 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС);
– Агентии хадамоти давлатии назди президенти Тоҷикистон – оғоз соати 14:00 дар бинои МТС;
– Дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор байни дастаҳои футболи «Ваҳдат» – «Регар-ТадАЗ» вохӯрӣ барпо мешавад. Оғоз соати 11:00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8240 сомонӣ;
1 евро – 10.8138 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1559 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
2007 — Бонки давлатии Чин баҳри такмили фаъолияти корпоратсияи ZTE, ҶС «Тоҷиктелеком» ва оператори мобилии «ТК-мобайл» 73 млн. доллар қарз ҷудо кард.
1939 — Мавлуди доктори илми биология, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон Намоз Бердиев.
1966 — Зодрӯзи олими таърихшинос, дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ Маъруф Исоматов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11 дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона +3+8.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +8+13.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -11-16, рӯзона 0+5; дар шарқ шабона -20-25, рӯзона -3-8.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +3+8.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +8+10.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +8+10.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +14+16.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -12-14, рӯзона +1+3.



