АНОНС
– Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад;
– Дар шаҳри Тайбеи Чин мусобиқаи Чемпионати навбатии Осиё оид ба футузал оғоз мегардад, ки тими Тоҷикистон низ дар он ширкат меварзад. Бозии нахустини дастаи Тоҷикистон бо тими Япония соати 16:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад;
– Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2017:
– Раҳбарияти Донишкадаи давлатии забон – оғоз соати 10:00 дар бинои Донишкада;
– Кумитаи идораи замин ва геодезияи ҶТ – оғоз соати 11:00 дар бинои Кумита;
– Суди олии Тоҷикистон – оғоз соати 14:00 дар бинои Суди олӣ.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8248 сомонӣ;
1 евро – 10.9913 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1570 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1993 – Ифтитоҳи намояндагии СММ дар Душанбе.
1998 – Ба ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бори нахуст намояндагони мухолифин шомил гардиданд.
1999 – Роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Дарвоз ба истифода дода шуд.
2010 – Дар Тоҷикистон шиносномаҳои биометрӣ ҷорӣ гардиданд.
2013 — Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои арзишашон 1 ва 2 дирамиро ба муомилот баровард.
1930 – Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Хайрулло Абдуллоев.
1930 – Мавлуди олими забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мадиброҳим Норматов.
1938 – Зодрӯзи журналист Турғун Дадабоев.
1950 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актриса Хадича Абуалимова.
1952 – Зодрӯзи Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, собиқ раиси шаҳри Душанбе.
1953 – Мавлуди журналист Давлаталӣ Раҳмоналиев.
1962 – Зодрӯзи Маҳмадалӣ Ватанов, вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад, туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3-8, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон каме барф меборад, туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -5-10, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -1+4.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона -3-8.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад, туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -2+3.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.
Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона +5+7.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +5+7.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.
Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +5+7.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон барф меборад.
Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона 0+2.



