Воридоти беш аз 854 млн. сомонӣ ба Тоҷикистон баҳри дастгирии итиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Соли 2017 ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар баҳри дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ 854 млн. 117 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантӣ ворид шуданд. «Аз ин миқдор маблағ 68 млн. 433 ҳазораш – бо сомонӣ, 75 млн. 761 ҳазораш – бо доллар (668 млн. 212 ҳазор сомонӣ), 10 млн. 665 ҳазораш – бо евро (116 млн. 250 ҳазор […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Соли 2017 ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар баҳри дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ 854 млн. 117 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантӣ ворид шуданд.

«Аз ин миқдор маблағ 68 млн. 433 ҳазораш – бо сомонӣ, 75 млн. 761 ҳазораш – бо доллар (668 млн. 212 ҳазор сомонӣ), 10 млн. 665 ҳазораш – бо евро (116 млн. 250 ҳазор сомонӣ) ва 9 млн. 918 ҳазораш – бо рубл (1 млн. 557 ҳазор сомонӣ) ворид шудааст», – гуфт зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати бақайдгирии давлатии созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлияи Тоҷикистон Раъно Каримова.

Ба қавли ӯ, қисмати зиёди маблағҳои грантӣ ба дастгирии низоми тандурустӣ (22 млн. доллар), соҳаи маориф (18 млн. 395 ҳазор доллар) ва бахши кишоварзӣ (5 млн. 795 ҳазор доллар) равона шудааст.

Вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустами Шоҳмурод дар ин робита қайд кард, ки беш аз 80 фоизи ин грантҳои воридшуда аз давлатҳои гуногун байни ташкилоту намояндагиҳои ин кишвар, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, тақсим мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки дар сомонаи Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯйхати пешниҳодкунандагон ва гирандагони грантҳои мазкур нашр шудааст.

Нимаи соли 2015 парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро маъқул шуморид, ки боиси нигаронии ҷомеаи шаҳрвандӣ шуд. Яке аз тағйироти муҳим пешниҳоди ҳисоботи молиявии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёфт.

Он замон Рустами Шоҳмурод дар нишасти хабарӣ изҳор дошта буд, ки ҳадаф – маҳдуд кардани фаъолияти Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ё нақзи ҳуқуқҳои онҳо набуда, ошкор кардани бо кадом мақсадҳо истифода шудани грантҳои хориҷӣ аст.

«Мо танҳо ба дастгирии террористону ифротгароҳо равона нашудани ин грантҳоро муайян карданиему халос», – иброз дошта буд ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.