Беш аз 30 имтиёз ба тиҷорат ва 150 млн. сомонӣ камшавии даромад ба буҷет

Дар робита ба тағйироти ахири воридшуда ба Кодекси андоз, ба буҷети давлатии Тоҷикистон имсол 150 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид мегардад. Ин тағйирот санаи 7 феврал аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шудааст, ки дар онҳо пешниҳоди беш аз 30 имтиёзу сабукиҳо дар пардохти андоз пешбинӣ мешавад. «Имтиёзҳои пешниҳодшуда дар пардохти андоз дар як сатҳи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар робита ба тағйироти ахири воридшуда ба Кодекси андоз, ба буҷети давлатии Тоҷикистон имсол 150 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид мегардад.

Ин тағйирот санаи 7 феврал аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шудааст, ки дар онҳо пешниҳоди беш аз 30 имтиёзу сабукиҳо дар пардохти андоз пешбинӣ мешавад.

«Имтиёзҳои пешниҳодшуда дар пардохти андоз дар як сатҳи муайяне ба воридоти маблағ ба буҷет таъсири манфӣ мерасонанд, – изҳор дошт имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода.

Мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ, қайд кард Давлатзода, соли 2018 воридоти маблағҳо ба буҷет аз ҳисоби андозҳои дохилӣ тақрибан 150 млн. сомонӣ камтар мешавад.

«Вале фикр мекунам, ки муддати сол ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад, зеро истеҳсолот рушд ёфта, ҳамаи зиёнҳо тадриҷан рӯйпӯш хоҳанд шуд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки истеҳсолот тараққӣ карда, ҷараёни воридоти сармоягузорӣ афзоиш меёбад», – иброз дошт Давлатзода.

Ӯ таъкид дошт, ки воридоти тағйироту иловаҳои мазкур ба Кодекси андоз бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «бо мақсади беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорон» сурат гирифтанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар тағйироту иловаҳо маъмурикунонии андоз ва пешгирии санҷишҳои беасос пешбинӣ шудааст.

Киро озод карданду ба киҳо сабуктар шуд

Корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз супоридани андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда (ААИ), андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз молу мулки ғайрианқул ба муҳлати 6 сол озод карда мешаванд.

Аз пардохти ААИ озод мешаванд:

– воридоти маводу ашё барои истеҳсоли маводи доруворӣ, воридоти технологияҳои навтарин ва таҷҳизоти ҳозиразамон барои корхонаҳои дорусозӣ, таҳвили дорувории истеҳсоли ватанӣ;

–  воридоти ашёи хом (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ, истеҳсол ва фурӯши либоси ягонаи мактабӣ ва томактабӣ;

– воридоти техникаю таҷҳизот ва мавод барои соҳаи парандапарварӣ;

– воридот ва таҳвили минбаъдаи автомашинаҳои нав (аз санаи барориш 1 сол нагузашта) аз пардохти ААИ 50% озод карда мешаванд;

– дар баробари корхонаҳои навтаъсис, корхонаҳои амалкунандаи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ низ ба муҳлати 12 сол аз андози фоида, андоз аз замин, андоз аз объектҳои ғайриманқул ва ААИ ҳангоми воридоти молҳо озод карда мешаванд.

Илова бар ин, назорати камералӣ барои давраҳои санҷишҳои маҷмӯию мавзӯии гузаронидашуда зиёда аз як маротиба дар 6 моҳи тақвимӣ гузаронидани назорати камералӣ, ба истиснои назорати камералие, ки тибқи супориши хаттии роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ, яъне раиси Кумитаи андоз таъин карда мешавад, манъ карда мешавад.

Ҳамзамон пешбинӣ мешавад, ки ҳангоми қатъ намудани фаъолият, нисбат ба хоҷагиҳои кишоварзии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияткунанда санҷиши андоз гузаронида намешавад.

Дар тағйирот ба Кодекси андоз пешгирии «баҳсҳои тӯлонӣ ва беасос миёни мақомоти андоз ва андозсупорандагон» низ пешбинӣ шудааст.

Дар сурати вуҷуд доштани духӯрагӣ ва ё ихтилофот байни муқаррароти Кодекси андоз мақомоти андоз ва ё мақомоти судӣ ба фоидаи андозсупоранда қарор қабул мекунанд. Таҳти мафҳуми духӯрагӣ ё ихтилофот дар Кодекси андоз вуҷуд доштани ду ё якчанд муқаррарот фаҳмида мешавад, ки аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа ба ҳам мухолифанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.