Нашри рӯйхати ронандагони дорои пуштибонҳои «бонуфуз»

Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД Тоҷикистон рӯйхати ронандагонеро, ки дар баробари қоидавайронкунӣ, аз вазифаи хизматии шахсони мансабдор ва наздикони онҳо истифода мекунанд, нашр кард. Давоми ҳафтаи гузашта якчанд далели ба талаботи қонунии корманди БДА оиди боздошти воситаи нақлиёт итоат накардани ронандагон муайян, ошкор ва ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии раёсати милитсияи […]

Asia-Plus

Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД Тоҷикистон рӯйхати ронандагонеро, ки дар баробари қоидавайронкунӣ, аз вазифаи хизматии шахсони мансабдор ва наздикони онҳо истифода мекунанд, нашр кард.

Давоми ҳафтаи гузашта якчанд далели ба талаботи қонунии корманди БДА оиди боздошти воситаи нақлиёт итоат накардани ронандагон муайян, ошкор ва ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии раёсати милитсияи пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, ин ронандагон бо нозири роҳ муносибати дағал, дошта, нописандию ҳавобаландӣ мекунанд ва аз вазифаи хизматии шахсони мансабдор ва наздикони онҳо сӯиистифода карданӣ мешаванд.

Дар идома рӯйхати чунин ронандагон оварда шудааст:

Забуров Сайдҳасан Ҳикматуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс, рақами қайди давлатиаш 6599DD01,276

Олимов Саидакбар Абдуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс, рақами қайди давлатиаш 7724АТ01,277

Рауфов Саидикром Ҳасанович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 5536АТ01,278

Бобоев Баҳодур Абдуҷабборович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 3257АС07,279

Шарипов Маҳмасобир Маҳматович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 5247СР01,280

Оев Ғолибҷон Юсуфович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 1966ВК01,281

Назаров Ҷумахон Шералиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай Старекс, рақами қайди давлатиаш 8425ТТ01,282

Аминов Бахтиёр Ҷамшедович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 9369ЕЕ01,283

Каримов Самад Маҳмадраҳимович – ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз 2107, рақами қайди давлатиаш 9868ЕЕ01,284

Зарипов Бахтиёр Рафиқович – ронандаи автомашинаи тамғаи Дэу Сиело, рақами қайди давлатиаш 9712АВ08.

Мувофиқи меъёрҳои Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои итоат накардан ба талаботи кормандони БДА, дар ҳаҷми аз 150 то 250 сомонӣ ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати аз 6 моҳ то 1 сол ҷазо таъин шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.