Вазорати маориф фасодзадатарин ниҳод дониста мешавад

Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта фасодзадатарин ниҳоди давлатии Тоҷикистан Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дониста шудааст. Зимни нишасти хабарӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусия изҳор шуд, ки соли 2017 кормандони Вазорати зиркшуда дар 70 ҳолат ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задаанд, ки аз ҷониби Агентӣ ошкор шудааст. Ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта фасодзадатарин ниҳоди давлатии Тоҷикистан Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дониста шудааст.

Зимни нишасти хабарӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусия изҳор шуд, ки соли 2017 кормандони Вазорати зиркшуда дар 70 ҳолат ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задаанд, ки аз ҷониби Агентӣ ошкор шудааст.

Ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки кормандони Агантӣ соли гузашта дар Вазорати тандурустӣ – 60, ВКД – 57, КДАМ – 26 ва дар бахши бонкӣ – 390 ҷиноятҳои коррупсиониро ошкор кардаанд.

Муовини аввали роҳбари Агентии зиддифасод Абдукарим Зарифзода таъкид дошт, ки дар соҳаи маорифу илм далелҳое ба монанди ба омӯзгорон додани пора ба қайд гирифта нашудааст.

«Ба маълумоти омории мо танҳо 70 далеле, ки аз ҷониби намояндагони Вазорати маориф дар самти изофанависӣ дар корҳои сохтмон, додани ҳуҷҷатҳои ғайриқонунӣ дар бораи маълумот ва тақаллубкориҳо дар ҳуҷҷатҳо содир шудааст, дохил шуд», – зикр кард муовини аввали роҳбари Агентӣ.

Чаро худи муборизон бо коррупсия дар рӯйхат нестанд?

Дар ҳамин ҳол, дар рӯйхат ҷиноятҳои коррупсионии аз ҷониби намояндагони худи Агентӣ содиршуда, ки соли гузашта аз ҷониби дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ошкор шуданд, дохил нестанд.

Ҳарчанд, ба ақидаи аксарияти кулли коршиносон, боздошти беш аз 10 нафар намояндагони Агентии зиддифасод моҳи апрели соли гузашта аз ҷониби кормандони КДАМ пурсарусадотарин рӯйдод дар соли гузашта буд.

Суди олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта баъди содир шудани ҳукм аз шарҳу тавзеҳи ин масъала бо ишораи махфӣ будани он худдорӣ намуд ва изҳор дошт, ки ин парванда ҳамин тавр пӯшида боқӣ хоҳад монд.

«Тафсилоти парвандаи 10 нафар собиқ муборизон бо коррупсия ва 3 нафар собиқ кормандони Хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои давлатии марбут ба ин қазияро мо шарҳ намедиҳем. Гуфта наметавонем, ки киҳо бо кадом гуноҳ мутобиқи кадом модда маҳкум шуданд», – гуфта буд он замон ба «Азия-Плюс» намояндаи Суди олӣ.

Бино ба маълуомти Суди олӣ, «парвандаи коррупсионерҳо» қатъ шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои он ВАО доир ба содир шудани ҳукм нисбати 9 нафар маълумоти нопурра дарёфт карданд. Доир ба чӣ гуна ҳукм содир шудан нисбати ҳадди ақал боз 4 нафари марбут ба ин парванда то ҳол ба ВАО чизе маълум нест.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.