Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ баъди пленуми ҳизби ҳоким доир мегардад

spot_imgspot_img

Дата:

Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки оғозаш субҳи имрӯз пешбинӣ шуда буд, нимаи дуюми рӯз баргузор мешавад.

Субҳи имрӯз ба ҷойи иҷлосияи 14-уми пешбинишудаи палатаи болоии парлумон Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумат ҷаласаи навбатии ин ҳизбро баргузор мекунад.

Дар пленум, ки бо иштироки раҳбарияти ҳизб, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо, раисони ҳарду палатаи парлумон, аксарияти аъзои ҳукумат доир мегардад, аз фаъолияти ҲХДТ дар соли 2017 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо барои соли 2018 муайян карда мешаванд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ.

Зимнан қайд шуд, ки дар кори пленум ба масъалаи кор бо аҳолӣ дар самти пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ, терроризм ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти КИМ ҲХДТ, наздики 40 фоизи аъзои ҳизб ҷавононанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Иҷлосияи 14-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баъди анҷоми кори пленуми ҲХДТ, соати 15:00 ба кор шурӯъ мекунад. Вакилон пешниҳодҳои президент доир ба ивази номи чанде аз шаҳру навоҳӣ ва маҳалалҳои аҳолинишин, аз ҷумла Қӯрғонтеппа ва Сарбандро баррасӣ мекунанд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони кишвар.

Ғайр аз ин, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ баррасии қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйирту илова ба Кодекси андози ҶТ», «Дар бораи зироати ғалладона ва маҳсулоти кокрарди он», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ва қонуни ҶТ «Дар бораи зотпарварӣ» дар назар аст.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...