АНОНС
– Дар Академияи футболи дастаи «Бунёдкор» дар шаҳри Тошканд вохӯрии дуюми тамринии «Суғдиён» (Ҷиззах) ва Истиқлол» (Душанбе) доир мегардад. Оғоз соати 15:00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8247 сомонӣ;
1 евро – 10.9620 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1563 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1959 – Ифтитоҳи Анҷумани IV-уми нависандагони Тоҷикистон. Раиси Раёсати Иттифоқи нависандагон Мирзо Турсунзода дар мавзӯи «Ҳаёт ва адабиёт» маърӯза кард.
2002 – Дар Брюссел санад оид ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба барномаи НАТО «Шарикӣ ба хотири сулҳ» ба имзо расид.
2006 — Оғози сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2».
1926 – Зодрӯзи коргардони кино Муқаддас Маҳмудов.
1929 – Мавлуди шоир Абдуҷалил Воситзода.
1929 – Зодрӯзи оҳангсоз Яхиэл Сабзанов.
1936 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Мухтор Муродов.
1936 – Зодрӯзи шоири русзабони Тоҷикистон Леонид Пашенко.
1940 – Мавлуди шоир Ғоиб Сафарзода.
1943 — Зодрӯзи олим Миродасен Худоиев.
1948 — Мавлуди доктори улуми филология Мирзо Муллоаҳмадов.
1950 – Зодрӯзи Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон.
1951 – Мавлуди Сайдамир Зуҳуров, сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати ҶТ.
1955 – Зодрӯзи оҳангсоз Қудратулло Ҳикматов.
1966 – Мавлуди Ниёзмуродов Саидмурод, собиқ раиси раёсати ҶСК «Агроинвестбонк».
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф) дар назар аст.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +6+11, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +3+8.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +8+13.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят боришот (борону барф), дар шарқ каме барф меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -8-13, рӯзона 0-5.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф) дар назар аст.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +3+8.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона борон меборад.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +15+17.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, каме борон меборад.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +8+10.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, каме борон меборад.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +14+16.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, каме борон меборад.
Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона 0+2.


