Болои корхонаи бародарзодаи Нурӣ парчами ДИ парафшон шуд

Дар ноҳияи Вахш шаби 19 феврал шахсони номаълум парчамҳои созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи Давлати исломӣ (ДИ)-ро парафшон карданд. Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, парчамро ба болои дарвозаи яке аз корхонаҳо овехтаанд, ки ба он Нусратулло Саидов, бародарзодаи собиқ пешвои Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, муассиси ҲНИТ марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ роҳбарӣ мекунад. Ба иттилои як манбаъ […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Дар ноҳияи Вахш шаби 19 феврал шахсони номаълум парчамҳои созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи Давлати исломӣ (ДИ)-ро парафшон карданд.

Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, парчамро ба болои дарвозаи яке аз корхонаҳо овехтаанд, ки ба он Нусратулло Саидов, бародарзодаи собиқ пешвои Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, муассиси ҲНИТ марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ роҳбарӣ мекунад.

Ба иттилои як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба гумони даст доштан дар ин амал се нафар сокинони ноҳияи Вахш боздошт шудаанд.

«Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи ин далел санҷиш гузаронида, дигар иштирокчиёни ин амали ҷинояткоронаро ҷустуҷӯ доранд», – гуфт ӯ.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Вахш ва вилояти Хатлон ин ҳодисаро алҳол расман шарҳ намедиҳанд.  Ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки аз субҳ дар тамоми роҳҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа постгоҳҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, соҳибкор Нусратулло Саидов дар озодӣ аст ва хабарҳо дар бораи дар боздошт будани ӯ ҳақиқат надорад. Нусратулло Саидови 45-сола зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»-и ноҳияи Вахш дар ин навори видеоӣ гуфтааст, ки воқеан ҳам муддати кӯтоҳе боздошт шуда раҳо гардид ва ҳоло дар озодӣ ба сар мебарад.

Гуфта мешавад, мақомоти интизомӣ дар ҷамоати "Тоҷикобод"-и (Туркманистони қаблӣ) ноҳияи Вахш, 5 парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро пайдо кардаанд. Рӯзи 19 феврал мақомот дар бораи боздошт ва бозпурсӣ шудани 10 нафар хабар доданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.