Аз сейфи Хадамоти алоқа қариб 150 ҳазор сомониро дуздидаанд

Ҷинояткор ба бинои филиали зертобеъи «Тоҷиктелеком» ворид шуда, 148 сомониро рабудааст. Кормандони Раёсати минтақавии ВКД дар Кӯлоб рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда сокини ҳамин шаҳр Сафаралӣ Ҳалимовро ба гумони даст доштан дар дуздии пулҳо аз филиали «Тоҷиктелеком» боздошт намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ҳанӯз тобистон роҳбари филиал Каромат Саъдулло […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ҷинояткор ба бинои филиали зертобеъи «Тоҷиктелеком» ворид шуда, 148 сомониро рабудааст.

Кормандони Раёсати минтақавии ВКД дар Кӯлоб рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда сокини ҳамин шаҳр Сафаралӣ Ҳалимовро ба гумони даст доштан дар дуздии пулҳо аз филиали «Тоҷиктелеком» боздошт намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ҳанӯз тобистон роҳбари филиал Каромат Саъдулло ба Шуъбаи ВКД бо ариза муроҷиат намуда, изҳор дошта буд, ки охири моҳи августи соли 2017 шахсе ба бинои филиал ворид шуда, аз сейф 148 ҳазор сомониро дуздидааст. Дуздӣ дар давоми рӯзи корӣ сурат гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда Ҳалимови 49-сола қаблан дар ин филиал кор мекардааст. «Ӯ ҳамаи ин ҷойҳоро хуб медонист ва аз ин рӯ, хеле «моҳирона» пулҳоро дуздидааст», – гуфт ӯ. Дар замони дуздӣ Ҳалимов аллакай кор намекардааст.

Вақте кормандони БДА ӯро дар ҳолатт мастӣ сари чанбараки автомашина боздошт мекунанду ӯ ба онҳо 10 ҳазор сомонӣ пора пешниҳод мекунад, маълум мешавад, ки пулҳоро ӯ дуздидааст. Замон боздошт аз он пулҳо ҳамагӣ 6 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст.

«Шахси бекор гӯё барои пулкоркунӣ ба Душанбе рафта, ба хона 2 ҳазор сомонӣ музди корашро меовардааст. Дар асл ӯ дар Душанбе ба ягон коре машғул набуда, хона иҷора гирифта ва пулҳоро ба эҳтиёҷоти худ сарф мекардааст», – гуфт манбаъ ва илова намуд, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.