Тағйирот дар нархҳои роҳкирои нақлиёти ҷамъиятии Душанбе (иловашуда)

Date:

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шабакаи  хатсайрҳои шаҳри Душанбе» қарор ба имзо расонид.

Мувофиқи тарифҳои дар ин қарор тасдиқшуда, арзиши нархи роҳкиро дар троллейбусҳо аз 70 дирам то ба 1 сомонӣ боло меравад.

«Нархи роҳкиро дар дар автобусҳо 1 сомониву 20 дирам, дар маршруткаҳо 1 сомониву 60 дирам ва автобусҳои бо реҷаи экспресс фаъолияткунанда – 1,50 муқаррар шудааст.

«Дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидорӣ шудани 50 ва зиёда аз он сафар тариқи кортҳои пластикии нақлиётӣ дар автобус ва троллейбусҳо, барои донишҷуён – 30 фоиз ва барои дигарон 15 фоиз тахфифҳо пешниҳод мешавад», – омадааст дар қарор.

Ҳаққи роҳкиро дар хатсайрҳои наздишаҳрии шаҳри Душанбе барои як мусофир тавассути нақлиёти мусофирбарии ғунҷоишаш хурд ва миёна 2,00 (ду сомонӣ) муқаррар карда шавад. Қаблан арзиши роҳкиро дар ин маршруткаҳо 1 сомониву 60 дирамро ташкил медод.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» роҳбари КВД «Душанбенақлиётхадамотрасон» Фирдавси Саидзода хабар дод, сарфи назар аз масофаи роҳ, акнун нархи роҳкиро дар маршруткаҳои шаҳр 1 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад.

Қаблан мусофирон то ними хатсайр 1 сомонӣ (ҳарчанд тибқи тарифҳо бояд 80 дирам бошад) пардохт мекарданд.

Ба қавли Саидзода, аз моҳи июни соли 2011, замони бори охирин болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе, арзиши сӯзишворӣ то 60 фоиз ва нерӯи барқ – қариб 3,5 маротиба афзуд.

«Тарифҳои нав бо хадамоти зиддиинҳисорӣ ва ширкатҳои машғул ба мусофирбарӣ мувофиқа шуда, ширкатҳо уҳдадор шуданд, ки минбаъд автомашина танҳо дар истгоҳҳо нигоҳ дошта шуда, мусофирон низ фақат аз рӯи шумори ҷойҳои нишаст гирифта мешаванд», – қайд кард Саидзода.

Зимнан зикр гардид, ки ширкатҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар ҳамчунин ба риояи меъёрҳои санитарӣ дар автомашинаҳо уҳдадор шуда, дар дохили автомашина бояд варақаҳо дар бораи хатсайр ва рақами телефонҳои ҳамаи мақомоти марбута ҷой дошта бошанд.

Саидзода ҳамчунин таъкид дошт, ки ронандагони нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар бояд қотеъона додани бақияпулӣ ба мусофиронро таъмин кунанд.

«Семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар тамоми маршруткаҳои Душанбе таҷҳизоти хизматгузории экспресс-кортҳо(QR-Kod) насб хоханд шуд, ки мушкилоти ба таври автоматӣ баргардонидани бақияпулӣ ба мусофиронро ҳал мекунанд», – илова намуд Саидзода.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...