Эълони озмуни рамзи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон

Date:

Кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эълон медорад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки  масъули баргузории озмуни мазкур аст, дар озмун шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ё ки ҳаммуаллифон аз ҷумлаи дизайнерон, меъморон, рассомони касбӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба санъати тасвириву дизайн шавқу рағбат доранд, иштирок карда метавонанд.

Мақсади баргузории Озмун эҷоди рамзи мувофиқу муосири 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо услуби баланди эҷодӣ унвон мешавад, ки минбаъд тавассути васоити ахбори омма ҳамаҷониба инъикосу тарғиб мегардад.

Гуфта мешавад, барои эҷоди беҳтарин рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ғолиби озмун ба 5000 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуда, бар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ғолибон ва фаъолон бо ифтихорномаҳо ва нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз карда мешаванд.

Рӯзи Истиқлолият ҷашни давлатии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола санаи 9 сентябр таҷлил мегардад.

Санаи 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати 12-ум дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Изҳорот қабул шуда, он ба қабули қарори Шӯрои Олӣ «Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асос дониста шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...